Таъини сафири нави Туркия дар Тоҷикистон ва интизорӣ аз сафари Эрдуғон ба Тоҷикистон
Маҳмуд Эр, раиси Шӯрои тиҷоратии Туркияву Тоҷикистон мегӯяд, интизор меравад то охири соли 2016 Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд.
Ҷаноби Эр ин нуктаро имрӯз, 17 август дар як нишасти созмонёфтае дар шаҳри Душанбе изҳор дошт. Аммо гуфт, “дар ҳоли ҳозир ин як иттилои дақиқ нест, вале мо умедворем, ки воқеъ бишавад, зеро ин ба рушди тиҷорат ва муносиботи иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Туркия мусоидат мекунад”.
Раиси Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия гуфт, дар назар аст дар ҷашни 25-солагии Истиқлоли Тоҷикистон муовини сарвазири Туркия ширкат кунад.
Маҳмуд Эр ҳамчунин аз таъини сафири нави Туркия дар Тоҷикистон хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, давоми як моҳи оянда сафири нав ба Тоҷикистон меояд. Вале Маҳмуд Маҳмуд аз шахсияти сафири нав чизе нагуфт ва изҳор дошт, рӯзҳои наздик ному насаби ӯ маълум хоҳад шуд. Тайи як соли ахир Туркия дар Тоҷикистон сафир надошт ва нақши сафирро кордори Туркия анҷом медод.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |