Раиси Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия: Ширкатҳои мо хостори харидории бештари алиминиюм аз Тоҷикистон мебошанд
Маҳмуд Эр, раиси Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия мегӯяд, нуфуз ва саҳми ҷонибдорони Фатҳулло Гюлен дар иқтисоди Туркия 10 дарсадро ташкил медиҳад. Ӯ ин нуктаро имрӯз, 17 август зимни як нишасти матбуотӣ дар Душанбе изҳор дошт.
Дар ин нишаст, ки ба паёмадҳои кудетои нофарҷоми моҳи июл дар Туркия бахшида шуда буд, оқои Эр гуфт, берун кардани саҳми ҷонибдорони Гюлен аз иқтисодиёт наметавонад таъсири қобили мулоҳизае ба иқтисодиёти неруманди кишвараш дошта бошад. Ба гуфтаи вай, Туркия дар муддати хеле кутоҳ тавонист паёмадҳои кудетои нофарҷомро ба иқтисодиёт бартараф кунад ва ҳоло тақрибан ҳаводиси гузашта ба иқтисоди ин кишвар таъсире надоранд. Ин намояндаи Туркия афзуд, агар то замони кудето фоизи қарз барои амволи ғайриманқул 1 дарсадро ташкил медод, баъди кудето ба 0,81 дарсад баробар аст.
Маҳмуд Эр мегӯяд, ҳоло бар асоси шохисҳои арзёбии ниҳодҳои миллӣ ва байналмилалӣ иқтисоди Туркия ба ҳолати пеш аз кудето баргашта, ширкатҳои байналмилалии бузурги тиҷоратие, ки дар Туркия ҳузур доранд, дар гузоришҳои худ вазъи иқтисодии кишварро муътадил арзёбӣ намудаанд.
Раиси Шӯрои тиҷоратии Тоҷикистону Туркия гуфт, гардиши мол ва савдо миёни Душанбеву Анқара агар дар гузашта 100 миллион долларо ташкил медод, ҳоло наздик ба 175 миллион доллар расидааст: “Мо талош дорем, ки ҳаҷми онро ба як миллиард доллар бирасонем”.
Ба гуфтаи Маҳмуд Эр, Туркия бузургтарин харидори алюминиюм ва пахтаи Тоҷикистон мебошад: “Ширкатҳои мо хостори харидории бештари алиминиюм аз Тоҷикистон мебошанд, албатта агар Тоҷикистон битавонад алюминиюми бештар истеҳсол кунад. Ҳамчунин Туркия аз бузургтарин харидори пахтаи Тоҷикистон боқӣ мондааст”.
Ӯ дар идома изҳор дошт, баъди дидораш бо чанде аз вазирон ва чеҳраҳои воломақоми блоки иқтисодии Тоҷикистон дар назар аст, истеҳсоли гилемҳои туркӣ дар Тоҷикистон роҳандозӣ шавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |