Бахшҳо

Эраҷ Нидоев: Ба одамон мегуфтам, ҳадафмандам, чаро ки тоҷик ҳастам

Эраҷ Нидоев, рӯзноманигор ва продюсери тоҷики муқими Маскав мегӯяд, мавзӯи миллат ва миллият дар Русия ҳамеша дар миён аст. Ӯ, ки дар бораи зиндагии худ ҳамчун як ғайрирус дар Русия бо “Афиша Daily” суҳбат кардааст, гуфта, ҳар бор вақте мефаҳманд тоҷикам ва ба ҳайси продюсеру коргардон фаъолият мекунам, ҳайрон мешаванд.

Ин ҷавони 26-сола гуфтааст, миллияташ ҳам як дарди бузург ва ҳам манбаи илҳом аст: “Ба масъалаи миллият хеле сахт бархурд мекунам. Ҳатто пас аз гузаштани солҳои дароз шӯхиҳо дар ин мавридро бо дард қабул мекунам”.

Ба қавли Нидоев, ҳар касе ки ҷойи таваллудашро бипурсад, зуд ҷавоб медиҳад, “аммо, вақте маро “гастарбайтер” мегӯянд, масъала мушкил мешавад. Воқеан бо ин чиз ҳам дар кор ва ҳам дар кӯча дучор мешавам”.

Ин зодаи Тоҷикистон, ки риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Маскавро хатм кардааст, бо ишора ба даврони мактабхониаш гуфтааст: “Замони мактабхонии ибтидоӣ ва миёна яке аз ҳамсинфон маро “чурка” мегуфт. Он вақт ҳатто маънояшро намедонистам”.

Эраҷ Нидоев, ки ҳоло бо “The Moscow Times” ва “EurasiaNet” кор мекунад, изҳор дошта, ӯро танҳо як маротиба 6 сол қабл барои миллияташ латту кӯб кардаанд: “Фикр намекунам, ки онҳо тоссарҳо буданд. Эҳтимолан чанд авбоши маст, ки чеҳраам барояшон писанд набуд. Биниямро шикастанд. Чизи ҷолиб он буд, ки ман ба замин задам ва гуфтам, чӣ кор мекунед? Ман худиям. Гуфтанд на, ба ҳеч ваҷҳ худӣ нестӣ”.

Ба таъкиди ин ҷавони тоҷик ҳамаи ин қазияҳои марбут ба миллат бетаъсир намондаанд: “Фикр мекунанд ҳамаи онҳое, ки аз Осиёи Марказӣ ва Қафқоз меоянд, густоханд ва ба навъе дигаранд. Ва бархе воқеан чунин ҳастанд. Ғолибан ин як механизми дифоӣ аст, ки туро инҷо намепазиранд ва бегонаӣ”.

Дар ҷойи дигаре аз суҳбатҳояш афзуда, “замоне миллияти ман уқдаи ман буд. Барои чанд муддат аз тоҷик будани худ шарм медоштам. Ба хотири он ки бо ман суҳбат кунанд, бардурӯғ худамро турк мегуфтам. Баъдан ба ин дарк расидам, ки аз ҳамаи ин мавзӯи миллат бароям чизи мусбате дарбиёрам. Ба одамон мегуфтам, ки хеле ҳадафмандам чаро ки ман тоҷик ҳастам ва ин як чизи хуб аст. Шояд ин мавқеи соддалавҳона ва як хунгармии ҷавонӣ бошад, аммо ман дар воқеъ мехостам муносибати мардумро ба миллати худ тағйир диҳам. Мехостам фаҳмиши қолабиро аз тоҷик дур кунам, ки тоҷик ҳатман таҳсилнадида, заиф ва муҳоҷири беҳимоят аст. Ман ки ин гуна нестам”.

Эраҷ дар идомаи ин суҳбатҳо илова карда, ки ҳар вақте гуфтугӯҳои бад дар мавриди муҳоҷирон ва миллият мешунавад, худашро тоҷик муарифӣ мекунад: “Ман дӯст медорам, ки дар ин масъала вориди муноқиша шавам”.

Ӯ бо ишора ба мавзӯи тоҷикон дар Русия гуфтааст: “Ман дар миёни тоҷикон ва узбакҳо дӯст надорам. Шиносҳо ҳастанд, аммо дӯст на. Албатта, агар бинам, ки як тоҷик таҳсилкарда аст, бароям худист. Ӯ бояд тоҷик бошад, аммо ҳамсони ин ҷомеа. Фақат бояд нишон дод, ки ту дӯст дорӣ пешрафт дошта бошӣ. Он вақт миллати ту лозим намешавад”.

Эраҷ Нидоев дар поёни матлабаш гуфтааст, бояд талош кард аз худ як чеҳари мусбат нишон дод: “Гирем, тоҷикон бо меҳмоннавозиашон маъруфтанд. Ба ман мегӯянд, ки меҳмоннавоз ва саховатмандам. Ин чиз бароям хушоянд аст.”

Ин ҷавони тоҷики муқими Маскав ба зиндагии хусусии худ пардохта гуфтааст дар оилаи шарқӣ бузург шуда, аммо падараш талош кард дар руҳияи арзишҳои ғарбӣ тарбия ёбад: “Масалан, тамоми оилаҳои тоҷик бо волидайни худ “Шумо” гуфта ишора мекунанд. Падарам ҳеч вақт инро нахост”.

Ба гуфтаи Эраҷ, нисбат ба солҳои пеш ҳоло одамони таҳсилдида ба Русия бештар мераванд ва дар шуғлҳои мӯътабар кор мекунанд: “Одамони деҳотӣ ҳам ба мактаб мераванд ва бо ҷомеаи унс мегиранд. Ман фикр мекунам муносибат ба маънои мусбат тағйир мекунад”.
Мӯҳр
.
Номатро Вася бикун, муи саратро краскаи зард бикун ва дар хама чо я русский Вася гуфта бигард.

Чечену догистонихо хам шаркианду хам мусалмон. Онхо фахр карда худро чечену догистони меноманд. Русхо онхоро хурмат мекунанд. Ед гиред аз онхо мардиву гурури миллиро.

.,
Намедонам бародари ё хохари ...
Эрач бисёр дуруст гуфтааст ,манхам дар Русия сар мебарам дар баъзе холатхо шармгин мешавам ,инчо Эрач мисолхо наовардааст кадом холатхо боиси шармгин шуданаш аст.
Як мисоли оддихак агар (Пусть говоряти ) Малаховро тамошо карда бошед Саид кахрамони он барнома буд ,магар бо рафтори вай хамчун точик чои фахр аст?
Вакте ,ки мегуяд ман хатто модархам надорам ,ва модари у аз паси парда намоён мешавад магар ин шармандаги нест?
Эрачхам хаминхел холатхоро дар назар дорад,ки точики бономус назди дигарон сархам мешавад ва озурда....
Солхои наввадум кариб дар тамоми магозахову бозорхои Русия барои харид кардан навбатхои дуру дароз буд ,он солхо точикон як як хеле кам дар Русия буданд ангуштшумор ,вале мутасифона бо рафторашону муносибатхояшон тезакак худро маълум мекарданд ...
Вакте ,ки мардум 20-30 нафар дар навбат меистоданд ,баъзеяшон бе ягон ичозат бо одамон ахамияте надода назди фурушанда омада мегуфтанд (дай мне яйцо и хлеф) хатто (пожалуйста) намегуфтанд ва аз навбати истода бахшишхам намепурсиданд ,магар хаминхел холатхо чои фахр аст?
Гап бисёр асту фурсати навиштан нест....

Озодагон илтимос номери телефон ё почтаи электронии ин бародаро ба ман нависед. Матлабе хаст, ки мехостам дар расонахои русси чоп шавад. Илтимос.

Дар хама милат нафархое ефт мешаванд мисли саиду дигару дигар шумо шарм надорен аз милати худ аз чугихо йод гирен намешавад ба сари синааш мезанад ман чугиюм гуфта камтар шарм дорен ин милат зори шумо нест рузе мерасад ин милати шариф чойу обруша мегардонад.

Ба озодагон гуфтаниям як чира чоп кун ки аз у хонанда бахра гирад сар пара вайрон мекуни кати хабарнигорот а бача чоп накун гапои беманира садкаи точик кунад якхелша

rohat
мо гурури милли надорем чунки миллат нестем - тавонем агар якдигарро пеши по зада хамчун гаравгон ба урусо тухфа мекунем... то ки чун гулом дар чашми хоча ширин шавем...
ин чавон дид ки дар чомеаи урусо уро пазирои нест - тасмим кард ки миллаташро ба кор бурда имидж созад ба худ - мисли он ки бинед ман точик аз кух омада дар масков журналист шудам...

шахрванд
Ба Саид,

Дар Россия сари киро (ё чиро) мебари? Дурусташ умр ба сар мебарам навиштан даркор аст.

Озодагон чаро маколаро (https://www.news.tj/ru/news/tadzhik-nigeriets-koreyanka-i-osetin-o-tom-kak-zhit-

v-rossii-s-neslavyanskoi-vneshnostyu) пурра чоп накрдед?

Dev
Tifokii millat in salomatii millat ast.Hamesha ,dar kujoe naboshad mepursand chi millati, bo vikor meguyam tojikam.Va baroi barhe dahonkajho (hususan rusho)sadho dalel doram,ki to ba zonui millati man namerasand...

И эрач тамоман аз Галустяни армияни кошсиёхи чандасар гузаронд куу!!! Дар байни точик дуст надошта боши ту маълум мешавад,ки точик нести!!! Кадом чосуси хоричаи ба гумони зиёд. Бо чунин гаренихо аввал мебардоранд- мебардоранд хаминки баъд мезананддд хокыт бод меша!!! Хами гастарбайтерои кучарубу аробакаш бароям бехтар аз як эрач ва эиачбарин инсонхост!
Бо сипос..

Солхои тулони мо низ мусофирем дар ин чо лекин хама вакт точик будем ва мемонем !!! Вой бар холи касоне ки худро "худи " мепиндоранд . Ин шахс байни точикон дуст надорад ин худ дахшат аст ...

...агар одам аз точик буданаш шарм кунад у лоики нигарони нест ,

.
Зани рус гир, фарзандонатро тарбияи руси бидех, ба фарзандонат фамилияи занатро дех. Фарзандонат барои русхо худи мешаванд. Ба фикрам ту хамин рохро пеш гирифтани хасти. Лекин ин корро миллатфуруши ва хиенат ба гузаштагонат мегуянд. Агар нанг дори, баргард ба ватани худат. Бигзор як пора нони кок бошад хам, лекин касе ин чо туро чурка наменомад.

шахрванд,
Рахмат барои тавсияатон ,дар оянда харакат мекунам бо хатоги рох надихам ....

Афсус, ки бесаводону бе фархангон, дарди дили одами замонавиро нафахмида, уро айбдор мекундант. Точик будан маьнои албатта бо Шумо, ки на маьнои сиесату, фархангу, маданиятро надоранд шистану дуст будан хаст. Бояд чоизи фахр бошад, ки касе ах хаммиллато рузноманигору сабтбардор хасту дигар миллатхо уро дар меёри хамрох мепазиранд. Сад Афсус, ки бисёрихо аз миллат бо навигарихои или, театр, технология шиносои нахоханд ва ба сина ман точикам гуфта гапи калон мезананд. Бародаре дуруст посух додаст, ки бояд бифахмем, ки осон нест дар мамлакати дигар сохиби "ном" шудан. Агар мардед, авал манои суханои гуфтаро бифахмед ва сони ярлык обезножел. Ман ва як гурухи точикони мукимии Русия фахр мекунем, хамчун Эрач одамони босаводу бомаърифат дар хоричи кишвар дорам. Бо эхтироми самими, ба хама хаммиллатон саломи бародарона ва барори Кор.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)