Ҷасади кӯдаки ғарқшуда дар дарёи Душанбе ёфт шуд
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз дарёфти ҷасади як кӯдаки 10-сола аз дарёи Душанбе, маъруф ба “Душанбинка” хабар дод.
Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, ин кӯдак, ки шахсияташ ҳанӯз ошкор нагардидааст, баъд аз зуҳри 16 август ҳангоми оббозӣ ғарқ шудааст: “Ҷасад аз назди пули Комбинати гӯшти шаҳри Душанбе пайдо гардид”.
Вазорати умури дохилӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват кардааст, ҳангоми оббозӣ аз эҳтиёт кор бигиранд ва дар ҷойи мамнӯъ оббозӣ накунанд: “Аз волидон хоҳиш мекунем, фарзандони ноболиғи худро беназорат нагузоранд”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |