Вокуниши “Тоҷиксодиротбонк” ба қазияи “латукӯб”-и Оев
Дафтари матбуоти “Тоҷиксодиротбонк” бо нашри як изҳорот суханони Абдулмӯъмин Оевро беасос хонда, эълон доштааст, “аз ҷониби кормандони Мудирияти муваққатӣ нисбат ба Оев А. ягон фишори ҷисмонӣ истифода нагардидааст”.
Абдулмӯъмин Оев, сардори хадамоти ҳифзи меҳнат, мудофиаи гражданӣ ва назорати бехатарӣ аз сӯхтори “Тоҷиксодиротбонк” қаблан гуфта буд, рӯзи 8 августи соли равон Мирҳаёт Ёқубов, раҳбари муваққатии бонк ӯро дар ҳузури дигар кормандон буғӣ кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти “Тоҷикисодиротонк”, ҷаноби Оев аз соли 2008 ба ин сӯ дар бонк фаъолият намуда, масъулияти таъмини пешгирии сӯхтор дар иншооти мазкурро ба уҳда доштааст. Ба навиштаи манбаъ, “ба зиммаи ӯ инчунин назорати сенсорҳои зиддисухторӣ, ки пешгирии сӯхторро таъмин менамоянд, вогузор карда шудааст”.
“Муайян карда шуд, ки сенсорҳои зиддисухторӣ аз руи таъиноташон амалӣ нагашта, дар яке аз онҳо камераи банаворгирӣ ва сабти овоз насб карда шуда, ба дигар мақсадҳои номаълум барои ба навор гирифтан ва гуш кардани кормандон ва мизоҷони Бонк истифода карда шудаанд, ки ин амал хилофи талаботи қонунгузорӣ мебошад”,- менависад дафтари матбуотии “Тоҷиксодиротбонк”.
Манбаъ меафзояд, “мудирияти муваққатии дар бонки мазкур таъиншуда ҷиҳати пешгирии чунин омилҳои ғайриқонунӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони ба ин амал дахлдошта тасмим гирифтааст, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат намояд”.
Ин дар ҳолест, ки Абдулмӯъмин Оев дар як суҳбати видеоӣ бо "Озодагон" таъкид намуд, насби таҷҳизоти сабти овоз ва навор ба вазифаи хизматии ӯ шомил намешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |