Тибқи иттилои расида, низоми идоракунии иттилоотии маориф нишон медиҳад, ки сатҳи тарки мактаб дар давраҳои ибтидоӣ ва миёна баландтар буда, мувофиқи он ҳадди миёнаи сатҳи тарки мактаб дар синфи 9 аз 6 то 11 фоиз мерасад, ки он кӯшишҳои ҷумҳурии Тоҷикистонро барои кафолат додани таълими умумии асосиро мушкил месозад. Барномаи озмоишии USAID оид ба пешгирии тарки мактаб (БОПТМ) барномаи сесола буда, бо мақсади ҷалб намудани хонандагон ба мактаб дар кишварҳои гуногун, аз ҷумла Камбоҷа, Ҳиндустон, Тимори Шарқӣ ва Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Барнома чанде қабл таҳлили равандҳои тарки мактабро дар ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом расонид, ки он минтақаҳои ҷуғрофӣ, синфҳо ва гурӯҳҳои хонандагонеро, ки эҳтимоли зиёди тарки мактаб карданро доранд, муайян намуд. Дар асоси ин маълумот барномаи мазкур бо мақсади дар мактаб нигоҳ доштани хонандагонеро, ки дар ҳавфи тарки мактаб мебошанд, дар ноҳияҳои Балҷувон, Восеъ ва Темурмалики вилояти Хатлон ҳамкории хешро бо Вазорати маориф идома медиҳад.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |