“Газпром” корҳои иктишофӣ дар ду кони Тоҷикистонро “ғайримақсаднок" хонд
“Газпром”, ширкати давлатии Русия эълом карда, ки аз идомаи корҳои иктишофӣ дар конҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии ғарбии Тоҷикистон даст мекашад.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ, ин тасмим ба далели “ғайримақсаднок будани идомаи омӯзиши геологии конҳо” гирифта шуда ва ширкат иҷозатномаи худро ба ҳукумати Тоҷикистон бармегардонад. Дар ҳисоботи нимсолаи “Газпром”, ки сомонаи ин ширкат нашр кардааст, гуфта мешавад, “Gazprom International” муҷавизро барои корҳои иктишофӣ дар конҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии ғарбии Тоҷикистон 15 сентябри соли 2009 дарёфт карда буд ва муҳлати он 15 сентябри соли 2018 анҷом меёбад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Мурод Ҷумъазода, сардори Саридораи геологияи тоҷик 12 июли соли равон дар нишасти хабарие дар Душанбе гуфта буд “Газпром” аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, барои парма кардани чоҳи нав дар майдони нафту гази Сариқамиш иҷоза диҳад.
Дар пайи як созиш миёни Ҳукумати Тоҷикистон ва “Газпром” дар се соли пеш қарор буд, 30 дарсади захираи гази кони Сариқамишро Тоҷикистон ва 70 дарсади дигарро ширкати русӣ бигирад. Бино ба маълумотҳо захираи кони Сариқамиш, ки дар ноҳияи Шаҳринав воқеъ аст, ҳудуди 18 миллиард метри мукааб газ ва 17 миллион тонна нафт мебошад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |