Фирӯза ними ҷигарашро ба модараш дод, аммо барои дору пул надоранд
Наздикони Хайриниссо Охунова, ки ахиран дар шаҳри Душанбе ҷарроҳии пайвандсозии ҷигарро пушти сар кардааст, барои харидани дору аз мардуми саховатманди кишвар ёрӣ мехоҳанд.
Комила Ҳайдарова, духтари Хайриниссо ба “Озодагон” гуфт, ду ҳафта қабл табибон як ҳисса ҷигари хоҳараш Фирӯзаро ба модараш пайванд кардаанд: “Шукри Худованд ҷарроҳӣ бо муваффақият анҷом шуд. Акнун баъд аз ҷарроҳӣ доруҳо лозиманд, ки аз Русия бояд дастрас кунем”.
Ба гуфтаи Комила, нархи ин доруҳо хеле гарон буда, хонаводаи онҳо имкони харидории онҳоро надорад: “Аз ин рӯ аз ҳамватанон хоҳиш дорам, каме ҳам бошад барои мо кумаки пулӣ расонанд”.
Комила Ҳайдарова афзуд,нафароне, ки тавони ёрӣ додан доранд, метавонанд бо телефони (+992) 915 15 23 22 тамос бигиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |