Муҳоҷиронро аз ҳаққи муҳаррирӣ, тарҷумонӣ, муҳосибӣ ва... маҳрум мекунанд
Фаъолияти муҳоҷирини меҳнатӣ дар вилояти Новосибирски Русия аз рӯйи як қатор ихтисосҳо номумкин мегардад.
Бино ба иттилои расонаҳои русӣ бо қарори Владимир Горедский, губернатори вилоят кор дар истироҳатгоҳҳои тобистонаи кӯдакон, боғча, мактабҳо, соҳаи хӯроки кӯдакон ва истеҳсоли ғизоҳои кӯдаконаву маҳсулоти парҳезӣ барои муҳоҷирон мамнӯъ шудааст. Интерфакс менависад, ҳамчунин бар асоси ин қарор барои хориҷиён кор дар нақлиёти мусофиркашонӣ – таксиву автобус ва дигар навъи нақлиёти мусофиркашон иҷозат дода намешавад. Бар илова муҳоҷирон дигар наметавонанд ба ҳайси котиб, муҳаррир, тарҷумон, муҳосиб ва корманди соҳаи молия кор кунанд.
Кордеҳон муваззаф шудаанд, ки баъди се моҳи қуваи қонун гирифтани қарор аз хадамоти муҳоҷирон дар соҳаҳои зикршуда худдорӣ намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |