Ҷилавгирӣ аз 6600 шиша обҳои қочоқӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодии Қирғизистон аз ошкор шудани як далели қочоки коло дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон хабар додааст.
Дафтари матбуоти ин ниҳод гуфтааст, дар амалиёти муштараке бо Хадамоти давлатии марзбонии ин кишвар дар рустои Карабаки вилояти Боткен, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст, мошини тамғаи “Хундай Портер” таҳти идораи С.Д., шаҳрванди Қирғизистон нигоҳ дошта шуд. Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили он 6600 шишаи оби ошомиданӣ (Pepsu, Mirimda, Sadafplus) ошкор гардид, ки аз Тоҷикистон оварда шудааст. Маблағи умумии он 105 ҳазору 600 сом, муодили 1500 долларро ташкил медодааст: “Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |