Боздошти як тоҷикистонӣ барои маблағгузории “Роҳнамо барои давлати исломӣ”
Як шаҳрванди 37-солаи Тоҷикистон аз сӯи пулиси Маскав бо иттиҳоми маблағгузории сомонаи интернетии “Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ” боздошт шудааст. Расонаҳои русӣ мегӯянд, ин сомона барои тарғиби созмони террористии ба ном “Давлати исломӣ” таъсис ёфтааст.
Агентии хабарии “Москва” бо такя ба манобеаш дар дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия гуфтааст, ба иттилои расида Анвар Остонақулов ба маблағгузории ячейкаи террористии “Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ”, ки барои таблиғи идеологияи террористӣ ва ҷалби ҷангиён ба ҳайати ДИИШ машғул будааст: “Дастгиршуда давоми моҳҳои феврал-марти соли 2016 се маротиба ба маблағи умумии 27 ҳазор рубл интиқоли пулӣ анҷом додааст”.
Қаблан ВАО-и русӣ аз қатъи фаъолияти торнамои “Роҳнамо ба сӯи давлати исломӣ” аз сӯи ФСБ хабар дода буданд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |