Масъули НБО Роғун: Нахуст чархаҳои 5 ва 6 фаъол мешавад

Масъулини неругоҳи барқи обии Роғун мегӯянд, қарор аст дар навбати аввал чархаҳои 5 ва 6-и неругоҳ ба кор дароварда шаванд.
Музаффар Абдиев, сардор раёсати қабули корҳои ба анҷомрасидаи неругоҳ дар як суҳбат бо хабарнигорон дар шаҳри Роғун гуфт, феълан наздики 70 дарсади корҳои сохтмонӣ дар неругоҳ анҷом шудааст. Ба гуфтаи ӯ, феълан дар сохтмони неругоҳ 67 ширкат фаъолият мекунанд, ки 53-тои он ширкатҳои ватанӣ ҳастанд: “Дар неругоҳ беш аз 13 ҳазор нафар кор мекунад. Дар оянда ин рақам ба 20 ҳазор расонида мешавад, ки дар ду баст 11 соатӣ фаъолият хоҳанд кард”.
1 июли соли равон Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати “Салини Импреҷило С.п.А.” (Salini Impregilo SpA)-и Итолиё созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонд. Маблағи умумии созишнома 3,9 миллиард доллар гуфта мешавад. Масъулини ширкат баъди имзои созишнома гуфтанд, ки аввалин чархаҳои неругоҳ соли 2018 ба кор медароянд. Ҷаноби Абдиев гуфт, тибқи нақша қарор аст, нахуст чархаҳои 5 ва 6-и нуругоҳ фаъол гардад. Ӯ сабаби ин тасмимро наздикии ин чархаҳо ба таҷҳизот ва сарфи ками маблағ арзёбӣ кард.
Роғун яке аз бузургтарин неругоҳҳои барқи обии минтақа ба ҳисоб меравад, ки дар сурати фаъолияти пуррааш метавонад солона 13,1 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ тавлид кунад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |