Бахшҳо

Зодаи Тоҷикистон: Бо дипломи омӯзгорӣ кори сохтмонӣ кардан ҷойи шарм нест...

Умарҷон Ёқубов, як зодаи Тоҷикистон, ки қаблан ҳамчун омӯзгори таърих кор кардааст, ҳоло дар шаҳри Екатеринбурги Русия ҳамчун сохтмончӣ маъруф аст.

Умарҷон Ёқубов дар ноҳияи Оби Гарм ба дунё омада, онҷо ба ҳайси муаллими таърих ва ҷонишини директори мактаб кор кардааст. Дар пайи ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон соли 1995 бо бародар ва чанд нафари дигар ба тани дигар ба шаҳри Екатеринбург меравад. Умарҷон дар суҳбат бо пойгоҳи хабарии “Екатеринбург Онлайн”, ки бахшида ба Рӯзи сохтмончиҳо анҷом шудааст, гуфта, баъди ба Русия омаданаш аввалин кори сохтмонии ӯ анбори Бонки марказӣ буд. Баъди ин ӯро дар ҳамин сохтмон корманди аршад таъйин мекунанд ва муваззаф мешавад ба онҷо кормандони нав биёрад: “Барои ҷобаҷо кардан ва хурду хоби бачаҳо ҷавобгар будам. Талош мекардам, ки онҳо ғизои хуб дошта бошанд”.

Ин омӯзгори собиқи таърих гуфтааст, ҳар коре, ки оиларо таъмин мекунад, боарзиш аст: “Бо дипломи омӯзгорӣ кори сохтмонӣ кардан ҷойи шарм нест, балки бо диплом гурусна мондан шармовар аст. Маълумоти олӣ ин бунёдест, ки дар тамоми арсаҳои зиндагӣ кумак мекунад”.

Ёқубҷон Умаров ба суоли оё миёни сохтмончиён дипломдорон бисёранд, ҷавоб дод: “Бале, одамони гуногун ҳастанд. Яке калонсолтар, ки ҳанӯз замони Шӯравӣ инҷо омадааст. Онҳо таҳсилоти хубтар доранд. Ҳоло бо бачаҳои ҷавон кор кардан душвор аст. Фарҳангу суннатҳо ва забонро намедонанд ва то синфи 8 таҳсил дидаанд. Бештари аз онҳо бе ҳузури падар калон шудаанд. Падарҳояшон дар муҳоҷиратанд. Мо фарҳанги шарқӣ дорем. Замоне ки калонсолон суҳбат мекунанд, ҷавонон гӯш медиҳанд. Фарқ надорад, ки суҳбати калонсол ба ҷавон писанд ҳаст ё не, бояд гӯш кунад. Аммо калонсолон аз эҳтиром ва рафтор кардан суҳбат мекунанд ва ин тадриҷан дар зеҳни ҷавонон мемонад. Ҳоло ҷавононе инҷо меоянд, ки ҳамаи инро надидаанд ва мо бояд инҷо онҳоро тарбият кунем”.

Ин сохтмончии муваффақи Екатеринбург шеваи тарбияти чунин ҷавононро низ баён кардааст. Ба гуфтаи ӯ: “Ҳеч вақт дер намешавад. Мо баъзан ба хонаҳои онҳо низ занг мезанем ва бо волидайнашон суҳбат мекунем. Масҷид ҳам таъсири бузург дорад. Онҷо набояд бо телефон машғул буд ва гӯш накард. Ман борҳо ба ин дарк расидам, ки рафтор хеле муҳим аст. Ҳама бояд таҳсилдида бошанд, аммо агар рафторат нописанд бошад, касе бо ту суҳбат намекунад. Ва агар касе дар кор ё кӯча рафтори бад дошта бошад мардум дар бораи ҳамаи мо чунин фикри бад мекунанд”.

Ёқубҷон Умаров дар бахши дигаре аз суҳбаташ ба суол дар бораи қонунҳои нави муҳоҷират ва имтиҳон гуфтааст, “сафи муҳоҷирон хуб тоза шуд. Ин ҳам хуб аст, ки ҳамаи иттилоъ дар бораи муҳоҷирон ҳифз мешавад: “Аммо хуб мешуд, ки ин иттилоъ дар Тоҷикистон ҳам дастрас мебуданд. Одамон дар кишвари худ медиданд, ки барояшон ворид шудан ба Русия мамнӯъ аст. Аксарияти муҳоҷирон фурсати дуруст кардани санадҳоро пайдо намекунанд ва то охир ҳамин гуна ғайриқонунӣ кор мекунанд”.

Ӯ ба суоли ин ки барои кор омадан ба Русия пули зиёд лозим аст, гуфтааст: “Барои билет 12-13 ҳазор ва илова ба ин иҷозатномаи кор, имтиҳон ва маълумотномаи тиббӣ. Барои ҳамаи ин 60-70 ҳазор рубл масраф мешавад. Афзун бар ин муҳоҷир бояд ҳар моҳ барои иҷозатнома 860 рубл бипардозад. Барои хона пул медиҳад. Барои ҳамин дар як утоқ 2-3 нафар зиндагӣ мекунанд”.

Ёқубҷон Умаров дар бораи касбияти муҳоҷирон гуфтааст: “Ҳоло дар Тоҷикистон курсҳои зиёде роҳандозӣ шудаанд, ки ҷавононро пеш аз рафтан ба муҳоҷират корҳои сохтмонӣ омӯзонанд. Курсҳои забон ҳам зиёданд. Аммо, бештари одамон бидуни ҳеч кадом таҷриба меоянд. Мо аз ҷониби худ бисёр мехоҳем, ки масъал ҳал ва танзим шавад. Мехоҳем, ки одамон на ба хости худ, балки бо дархост биёянд. Мо онҷо як оҷонсӣ ҳам дорем, ки дар заминаи пайдо кардани кор дар кишварҳои дигар фаъолият мекунад. Мо мехоҳем баро онҳо дархост фиристем, ки чанд нафар, аз рӯи кадом ихтисос барои мо лозим аст. Ва инҷо метавон онҳоро қабул кард ва барои расмӣ кардани санадҳояшон кумак кард. Ҳамин гуна як пешниҳод дорем. Аммо, ҳоло ба хотири буҳрон дархости мо кам шуд ва ин кор анҷом нашуд”.

Умаров аз воқеаҳои нохуш дар сохтмонҳо ёд карда гуфтааст бачаҳо бе бандҳои эҳтиётӣ кор мекунанд. Намехоҳанд вақташон дар бастани он сарф шавад. Фикр мекунанд зуд корашон мекунанд, аммо... Ба суоли магар мақомоти масъул тафтиш намекунанд, ҷавоб дода, ки “ҳар замоне ки воқеа шуд ҳамон вақт шурӯъ ба тафтиш мекунанд. Вале ҳоло бештар тафтиш мекунанд. Реҷаи корро тафтиш мекунанд. Ду соат кор ва боз қисмати истироҳат. Бе каска ба маҳалли сохтмон роҳ намедиҳанд. Албатта, технологияи кор тӯли 20 сол хеле тағйир кардааст. Ҳоло хиштро бо даст намебаранд”.
Мӯҳр
Сорбони Ошик.Нева
Даврони шурави бо чунин дипломхояш моро бисер бехунар гардонид. Аз Бадахшону водии Дарвозу Сангвору Рашт хазорон чавонхотомада дар Душанбе тахсил мекарданд,ними зиедаш барнамегашт.Дар шахр,дар пойтахт илоче карда мемонданд.Дар кухистон барои хама кор набуд.Дар вилояти Сугди имруза,чавоне,ки дипломи мактаби оли надошт,бемавод хисоб мешуд.Аз вилоятхои собик Кулобу Кургон-теппа боумед омада дар мактабхои оли мехонданд,ки аз азоби парваришу кори пахтазор гурезанд.Е аз алафдаравиву чорводори.Бинобар ин коре кардан даркор буд,ки маьлумотдор бошанд.Хатмкардахои донишкадаи омузгории Кулобро асосан хамчунимуаллим ба мактабхои вилояти Кургон-теппаи собик мефиристониданд.Чавонони бадахшонии дипломдорро хам.Сугдиен бо дипломхояшон омада,ба корхои комсомоли,хизби ва маданиву равшаннамоиро ба ухда мегирифтанд.Аммо мардуми пахтакори вилоят,ки аслан зодагони мухочиршудаи водии Рашт буданд,хама пахтакору дехкону чорвопарвар.Писарони онхо факат дар сохахои " магазинчи" гари мехонданд.Ба хизмати милицияву муаллими ками кам майл доштанд.Бисерии аз чавононе,ки Пединститути Кулобро хатм карда буданд,онхо хам ба сифати " лейтенант", ба хизмати милицияи даврони СССР медаромаданд.Ба донишкадаи тибби дохил шудан амри махол буд.Аз рузи бунед шудани ин донишкада,донишчуенаш асосан тотордухтархо,русдухтархо,духтарону чавонони точики мукимии пойтахт,ки асосан русзабон хисоб мешуданд,лакайтаборону узбектаборон буданд.Барои точикони рустои мархамат боз хамон факультетхои таьриху адабиету географияву саньату китобхоначиву мусики доимо кушода буд.Бинобар ин дар Россия мухочирони калонсоли замони шурави аксаран дипломхои омузгори,мусиканавозиву филологи доштанд,ки дербоз " подсобный рабочий" мемонанд.Таьрих,адабиет,мусики,..инхо илм нестанд,ихтисос хам нестанд,машгулият хастанду халос.

Борбон
Э бад кандота нахурди Сорбон.. Тахлили хуб ва фахмо карди.махсусан хамун чумлаи охират.

Саид
офарин бародар неки ҳақиқати талха ай зери санг бароварди чанд вақт бд ки амира гуфтани бдм раҳмат ана инхел одамора бо савод меган

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)