Хатсайрҳои “гарений” ва булаҷабҳои нақлиёти Душанбе
Мушоҳидагари “Озодагон” ин ҳафта ба мушоҳидаи нақлиёти ҷамъиятии Душанбе - пойтахти Сулҳи Юнеско пардохт ва шоҳиди булаҷабҳое шуд.
Аввал ин ки Душанбе баъди “рафик”-ҳои замони Шӯравӣ дигар соҳиби нақлиёти шаҳрӣ (ҷамъиятӣ) нашуд. “Ғизол”-и русиву “Тангем”-и чиноиву “Старекс”-и курёӣ ҳеч хусусияти нақлиёти мусофирбари ҷамъиятиро надоранд. Ҳоло ки аз “Ғизол”-у “Тангем” тақрибан халос шудем, аз азобу уқубат ва бекайфиятии старексҳо хоҳем гуфт.
Аввалин ҳайрат ин аст ки то ҳол як инсони соҳибақл намедонад, ки чаро шаҳрдор ва шаҳрдории Душанбе ба чунин як нақлиёти комилан бестандарт барои мусофиркашонӣ дар шаҳр иҷозаи фаъолият дод? То ҷое медонем, ин навъи нақлиётро Курёи Ҷанубӣ дар соли 2002 дар Ҷоми ҷаҳонии футбол барои ҳамлу нақли тамошобинон сохта буд. Аммо кадом боақле, дақиқтараш, кадом лоббидоре дар ҳукумат онҳоро оварду вориди Душанбе кард. Ҳоло ҳам бидуни мушкил ин старексҳо дар хатсайрҳои шаҳри мо мусофир мекашонанд. Солунҳои старексҳо тирезаҳои ҳавокаш надоранд ва дар тобистон гармии тоқатфарсое дар солуни онҳост. Гузашта аз ин, ҳарчанд ҳукумати шаҳри Душанбе, раёсати БДА ВКД ва БДА Душанбе, Хадамоти назорат дар соҳаи нақлиёт хуб медонанд, ки солуни онҳо барои шаш нафар пешбинӣ шудааст, вале 8 мусофир савор кардани ин старексҳоро намебинанд ё мебинанду чашм мепӯшанд. Албатта маълум аст, ки чашмонро аз ғояти хоб намепӯшанд...
Баъзе ронандаҳои “ихтироъкор”-и мо солуни шашкасаро бо пасу пеш бурдани курсиҳои нишаст ба солуни 12-нафара табдил медиҳанд. Ба ин ҳам нозирони БДА-и мо чашм мепӯшанд. Ҳол он ки дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ моддаи мушаххас аст, ки дар забони роиҷи ронандагону БДА ба он “перегруз” мегӯянд. Дар шаҳрдории Душанбе ҳам инро хуб медонанд, вале ба назар мерасад онҳо бо ин нақлиёти шаҳр “одат” кардаанд. Барои исбот як ҳодисаеро, ки муаллифи сатрҳо шоҳиди он буд, нақл мекунам. Як рӯз ба мусофиркаши 2 (старекс) савор шудам. Ин старекс бо фарқ аз дигар “ҳамтоён”-и худ ба қавле “кондитсионер”-аш кор мекард ва ҳамчунин шишаҳояш сиёҳ буд. Ҳоло намедонам дар Душанбе иҷоза аст, ки нақлиёти мусофиркаш шишаҳояшонро сиёҳ кунанд, вале дар дигар кишварҳо иҷоза нест. Тақрибан поёнтар аз бинои Хадамоти гумрук як зане ҳам савори старекс шуд. Ин старекс солунашро 12-нафара карда буд. То маҳаллаи Гулистон дар раддакурсии он зан се нафар нишаста буд. Чун дар Гулистон як мусофири дигар ворид шуд он зан ба қавле ба мусофири воридшуда ҷой надод. Он мусофир бо хитоб ба ронанда суол кард, ки дар куҷо биншинам? Ронанда ба он зан гуфт:
- Хола хута камтар бҷнбон.
Он “хола”-и ронада ҳам гуфт, ки ин ҷо ҷойи се кас ҳаст ва худро барои чӣ биҷунбонам?!
Дар пайи ҷавоби он зан ронанда ҳам оташин шуду гуфт, “шмора садқаи кондитсионер куна”.
Он зан, ки зоҳиран яке аз масъулони нақлиёти шаҳри Душанбе будааст, ба қавле кафиду ба ронанда бо овози хеле баланду ҷиддӣ хитоб кард:
“Кани қарори ...? Барои чӣ 2 сомон мегириву сдач наметӣ? Инҷа ҷойи 3 нафарай, чиба 4 нафар мегирӣ?”
Ронанда чанд бор талош кард, ки худашро “прав” барорад, ки “хола”-аш нагузошт. Он зан телефони мубойлашро бароварду зоҳиран ба раиси ширкате занг зад, ки масъули танзими мусофиркашҳои 2 буд. Ному насабашро гирифту гуфт, ки “Муҳтарам ..., Шумо кай ҳамин машруткаҳои 2-ро ба танзим медароред. “Озодагон” шумора навишт, шармандагиҳотона баровард ва боз агар ҳамин муносибат бошад, менависад (дар ҳамин асно гуфтам шаҳодатномаро ба он зан пешниҳод кунам, ки “Озодагон” ҳамин ҷост, боз худдорӣ кардам). Дар ҷаласаи ҳукумати шаҳр ваъда кардед, ки масъаларо ҳал мекунем. Аз кор баромадам, иҷа ронандаҳои Шумо настроениёи одама вайрон мекунанду ба ҷойи 3 кас 4 кас мегиранд ва аз мардум 2 сомонӣ талаб кардестан”.
Он раис ҳам ба он зан гуфт, ки гӯшакро ба ронанда бидеҳ, вале гуфт, ки намедиҳам ва аз старекс пойин шуду шумораи қайди давлатии онро ба раис гуфт. Ҳоло намедонам, ки сарнавишти он ронанда ва мошинаш чӣ шуд, вале ҳанӯз ҳам дар ин хатсайр ба ҷойи 1 сомониву 60 дирам 2 сомонӣ, ба ҷойи се нафар дар як раддакурсӣ чор нафар мегиранд. Яъне ин булаҷабҳои дидаи мову шумо таъсире ба “одат”-ҳои Душанбе надоранд!!!
“Ҷолибият”-и дигари ин старексҳои Душанбе дар он аст, ки барои он ки як нафар аз курсиҳои пушт поин шавад, бояд то 7-8 мусофири дигар низ бифароянду ба ӯ ҷой диҳанд. Вале ҳукумати шаҳри Душанбе ба ин чашм мепӯшад. Хулоса, мардум аз старексҳои Душанбе “зардоб”-и зиёд доранд, вале ҳоло бо ҳамин иктифоъ мекунем...
Дар масъалаи роҳкиро. Аз он ки нархи роҳкироро дар Душанбе ҳукумати шаҳр мушаххас мекунад, мантиқан масъули назорати он ҳам ҳамин ҳукумат ва идораҳои тобеъи онанд. Вале ба ҷуз хатсайри 19 дар ҳеч кадом аз хатсайрҳои Душанбе касе нархи муайяннамудаи Ҳукумати шаҳри Душанберо риоят наменамояд. Ба ҷойи 1 сомониву 60 дирам 2 сомонӣ ва ба ҷойи 80 дирам 1 сомонӣ талаб мекунанд. Ба ин ҳам ҳукумат ва дигар идороти масъул дидаву дониста чашм мепӯшанд.
Дигар аз булаҷабҳои мусофиркашҳои Душанбе ин аст, ки то як нимаи роҳ як нарх доранду то охири хатсайр нархи дигар. Вақте роҳкироро дароз мекунед, мепурсад, ки “куҷо мерӣ?”. Инсон ҳайрон мешавад, ки ин ронанда чӣ кор дорад, ки ман куҷо меравам, вале манзури ронанда аз суол чизи дигар аст. Ба ин таҳқири мусофирҳо ҳам бояд ҳукумати шаҳр хотима диҳад. Ин ҷо ҳам лозим медонам аз як ҳодисаи дохили старекс нақл кунам. Дар хатсайри 25 як мусофир аз курсиҳои пушт 5 сомониеро дароз кард. Ронанда пурсид, ки “куҷо мерай?” Мусофир, ки аз шеваи суҳбаташ маълум буд аз шимоли кишвар меҳмон асту аз ин “одати нодир”-и ронандаҳои Душанбе огоҳ нест, посух дод:
- Туя корат чӣ ман куҷо меравам? 2 сомоната гиру дамата гир.
Ва зери лаб ҳам хеле гапҳои дили сокинони Душанберо ба қавле “ғур-ғур” кард.
Воқеан, кӣ ба ин ронандаҳо ҳақ додааст аз мардум бипурсанд, ки “куҷо мерай?” Оё ин дахолат ба зиндагии хусусии як шаҳрванд нест?
Мушкили дигари нақлиёти мавриди назари Душанбе ин аст, ки бархе аз онҳо то охири хатсайр намераванд ва чун то қисматҳои охири хатсайр як ё ду ва ҳатто 3-4 мусофир боқӣ монд, ба мусофирбари ҳамтойи худ “табодули мусофир” мекунанд: “Ака фроен дар вай бшинен”. Ин аҳмақӣ дар ҳеч куҷои дигар нест. Баъзе аз мусофиркашҳои дигар, хусусан 15, 19, 2, 52, 10, 54, 16, 33 дар шаб то охирин истгоҳи худ намераванд. Мусофирбари 15, ки ҳоло як тарафи истгоҳи охиринаш маҳали “Док” аст, дар бештари маврид то пули роҳи оҳани нади фурудгоҳ меравад. Мусофирони 19, 2 ва 54 пеш аз савор шудан суол медиҳанд, ки “городок мерӣ?” 10 ва 54 бегоҳ, ки шуд бисёр кам то истгоҳи охири худ, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мераванд. 52 ҳам шабҳо бештар барои худ “Қараболо”-ро охирин истгоҳ интихоб кардааст. Хулоса ин мушкилро аз мо дида соҳибони “Автобазаҳо” ва нозирони БДА хубтар медонанд, вале...
Шояд Душанбе танҳо шаҳри дунё аст, ки хатсайрҳояш дар рӯз дарозу дар шаб кӯтоҳ мешаванд.
Нақлиёти дигари дардисарсози Душанбе нақлиёти байнишаҳрист. Дар “Саховат” шоҳиди додзаниву ба ҳаракати нақлиёт халал ворид кардани мошинҳое мешавед, ки ба вилояти Хатлон мусофир мебаранд. Ронандаву "ёрдамчиҳои" онҳо бо овози бисёр баланд дод мезананд, ки “як нафар Уйалӣ, 2 нафар Панҷ, се нафар Қумсангир ҳай мекунм, Шаартуз, Қубодиён”. Дар маҳаллаи 46 мусофиркашҳои ноҳияи Рӯдакӣ ин дарди сарро дуруст мекунанд. Дар маҳаллаи 33 мусофиркашҳои шаҳри Ҳисор. Дар мавриди нақлиёти шаҳри Ваҳдат ва Файзобод ҳоҷати гап нест. Дар ин маврид чанд бор қарори раиси шаҳри Душанбе ҳам содир шуд, ки нақлиёти байнишаҳрӣ бояд то канораҳои шаҳр биоянд, вале мисле, ки ҷаноби Убайдуллоевро дигар зӯраш намерасад.
Дар мавриди баъзе нақлиёти “худсар”, мисли тангемҳои дар масири “Саховат-Гипрозем”, “Корвон-Гипрозем”, “Гардиши 104” ва “таксиҳои 3-сомона” ҳоҷати ҳарф задан нест. Аксари ин ронандаҳо хонандаи мактабанд. Вале чашми масъулин дар ин росто ҳам пӯшида. Мушкилоти нақлиёти мусофирбари Дуашнбе хеле зиёдтар аз он аст, ки гуфтем. Ба назар мерасад, бебандуборӣ дар ин соҳа аз корҳоест, ки Душанбе ба он “одат” кард. Дар мавриди риоя нашудани қоидаҳои ронандагӣ дар Душанбе хубтар аст, ки мо нагӯем. Дар шаҳри мо қоидаву аломати роҳ танҳо “барои зеб”-анд...
Мани мушоҳидагар ҳаққи таҳлилро надорам, вале...
Дар мавриди “доля” ва ҳаққи воридшавӣ ба хатсайрҳои ба қавли пулчинакҳои “гарений” ба мисли 33, 28, 8, 5, 2, 52 ва ғайра овозаҳо зиёд аст. Ин аз сатҳи баланди коррупсия дар ин соҳаи шаҳри Душанбе дарак медиҳад. Ба назари мо ҳам бебандубории зиёд дар нақлиёти мусофирбари Душанберо сабаб, ҳамин “коррупсияи лаъин” аст. Вагарна чиро намешудааст, ки ин соҳаро танзим кард? Ҳоло ки раиси шаҳр муовини соҳавиашро муҳлат додааст, мешавад ба беҳтар шудани вазъ умед баст? Не! Модели дигар, муносибати дигар, кадри дигар ва тафаккури нав зарур. Ё не?
Мушоҳидагари “Озодагон”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Декабр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 |
2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 | 8 |
9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 | 15 |
16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 | 22 |
23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 | 29 |
30 | 31 | |