Украина як муттаҳам дар узвият ба созмонҳои террористиро ба Тоҷикистон медиҳад
Хадамоти марзбонии Украина аз боздошти як шаҳрванди 24-солаи Тоҷикистон хабар дода, мегӯяд, ӯ ҳамчунин террорист дар пайгарди байналмиллалӣ қарор доштааст.
Ба иттилои манбаъ, шаҳрванди Тоҷикистонро 11 август дар фурудгоҳи “Бориспол” замоне дастгир кардаанд, ки аз Туркия бармегаштааст. Зодаи Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар созмонҳои террористӣ дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор доштааст. Дар бораи шахсияти боздоштшуда чизе гуфта нашудааст. Мақомоти марзбонӣ ӯро ба пулиси миллии Украина супоридаанд. Бино ба хабарҳо, ӯро ба Тоҷикистон истирдод мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |