Анварҷон Қосимов: 15 ҳодисаи табиӣ ҷони 7 нафарро рабуд
Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд мегӯяд, давоми 6 моҳи аввали соли равон дар пайи ҳодисаи табиӣ 7 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Анварҷон Қосимов, муовини сардори ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ дод, дар нимсолаи соли ҷорӣ дар ҳудуди вилояти Суғд 15 ҳодисаи фавқулодаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 7 нафар ҳалок гардидаанд: “Шумори ҳодисаҳои фавқулодаи 6 моҳи соли равон назар ба ҳамин давраи соли 2015, 5 ҳодиса зиёд мебошад”.
Ҷаноби Қосимов гуфт, аксари ин ҳодисаҳои табиӣ дар ноҳияҳои Айнӣ, Панҷакент, Куҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон, Деваштич (собиқ Ғончӣ), Ҷаббор Расулов, Спитамен, Исфара ва Ашт ба қайд расидааст. Бино ба гуфтаи ӯ, дар маҷмӯъ, дар ин давра бар асари зарари офатҳои табӣ 7 нафар ҷони худро аз даст додаанд: “Аз ҷумла, дар навоҳии Айнӣ 3 нафар, Панҷакент 2, Деваштич 1 ва Гулистон (собиқ Қайроққум) 1 нафар”.
Анварҷон Қосимов мегӯяд, офатҳои табии 6 моҳи ахир ба иқтисодиёти вилоят 48 миллиону 331 ҳазору 200 сомонӣ зарар расонидааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |