Узрхоҳии Муҳаммадмурод Абдураҳмонов: Ман ба ҳама гап сазовор
Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, гуштигири шинохтаи тоҷик ҳам натавонист ба даври баъдии мусобиқоти ҷудои олимпиадаи Бразилия роҳ ёбад.
Рӯзи 12 август ӯ аз рақибаш Алекс Гарсиа Мендоза аз Куба шикаст хӯрд. Баъди бохташ ӯ дар Фейсбук аз тамоми мардуми Тоҷикистон пӯзиш хост ва гуфт, “ман ба ҳама гап сазовор, чӣ танқиде бошад, кам аст. Як бори дигар бахшиш”.
Аз 7 варзишгаре, ки Тоҷикистонро дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпии Рио-де-Жанейро намояндагӣ мекарданд, то имрӯз 5 нафар ноком шуд. Рӯзи 15 август Кристина Пронженко дар сабқати давидан ба масофаи 200 метр миёни занон иштирок мекунад. Рӯзи 17 август бошад, Дилшод Назаров дар риштаи гурзандозӣ ҳунарнамоӣ хоҳад кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |