Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон», биноҳои маъмурии ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо, бари роҳу кӯчаҳо, гулгашту хиёбонҳои шаҳр бо Парчами ҷумҳурии Тоҷикистон, шилшилаву байрақчаҳои серанга, шиор ва лавҳаю овезаҳо ороиш меёбанд.
Ҳамзамон,дар қуллаи баланди кӯҳи Мевағул аз ҷониби хизматчиёни ситоди ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ Парчами давлатӣ, ки ҳаҷман калон асту аз тамоми гӯшаю канори Хуҷанд ба чашм мерасад, насб карда шуд. Раиси шаҳр Раҷаббой Каримов барои дар сатҳи баланд таҷлил кардани «Рӯзи Парчами давлатӣ» қарори махсус ба имзо расонд, ки тибқи он аз 18 то 24 ноябр дар шаҳр ҳафтаи Парчами давлатӣ эълон шудаст.Дар доираи ҳафтаи Парчами давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ, корхонаю ташкилотҳо, маҳаллаҳо ва марказҳои фарҳангӣ мулоқоту вохӯриҳо бо аҳли зиё баргузор мегарданд, чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, роҳпаймоии ҷавонон дар шоҳроҳи Хуҷанд - Ғафуров бо Парчами 250-метра, сӯҳбатҳои «Мизи мудаввар» гузаронида мешавад. Баргузории чорабиниҳои ҷамъбастии ҳафта 24 ноябр дар Рӯзи Парчами давлатӣ дар назар аст.
Мӯҳр« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |