Парванда алайҳи Олимов барои ҷалби зани русаш ба “ДИИШ”
Раёсати Хадамоти амнияти федеролӣ, “ФСБ”-и вилояти Владимирови Русия алайҳи Олимов Музаффар Боубекович, шаҳрванди Тоҷикистон барои ҷалби ҳамсари русаш ба “ДИИШ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Тибқи иттилоияи “ФСБ” парванда алайҳи Олимов 9-уми августи соли равон барои таҳрик додан ба ширкат дар фаъолияти созмони мамнӯи “Давлати исломӣ” боз шуда, аснод барои пайгарди қонунии ӯ пешниҳод шудаанд.
Ба иттилои ин ниҳод Олимов Музаффар баҳори соли 2012 бо зани 33-солаи рус ошноӣ пайдо карда, ӯро ба никоҳи худ даровардааст: “Бо гузашти чанд муддат зери фишори равонӣ ва идеологӣ ин сокини вилояти Владимиров пайрави ҷараёни ифротии салафия шудааст”.
Ба иттилои манбаъ дар пайи мағзшӯиҳои бардавоми Олимов зани русаш моҳи июли соли 2014 ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия сафар карда, ба ДИИШ пайвастааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |