Раҳо шудани як муҳоҷири тоҷик аз ғуломӣ дар Қазоқистон
Пулиси Қазоқистон мегӯяд, як шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистонро, ки ҳамчун ғулом кор мефармудаанд, озод кардааст.
Расонаҳои Қазоқистон бо такя ба иттилои пулис мегӯянд, ҷабрдиди 8 июни соли равон барои пайдо кардани кор ба шаҳри Остона омада, худро сабти ном кардааст: “20 июл ӯ дар як сохтмон, воқеъ дар рустои Ключевои ноҳияи Бурабай пешниҳоди кор мегирад. Баъди ду ҳафтаи кор ҳаққи заҳмати худро талаб мекунад, аммо соҳиби бӯстонсаро ҳуҷҷатҳояшро гирифта, мегӯяд, танҳо баъди пурра сохта шудани бино онҳоро бармегардонад”.
Манбаъ меафзояд, ин шаҳрванди Тоҷикистон рӯзи 11 август раҳо шуда, пулис барои муайян кардани он ки дар ин сохтмон шаҳрвандони дигари хориҷӣ ҳам ҳастанд ё на, санҷиш мегузаронад. Нисбати ин ҳодиса бар асоси моддаи 126 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон (ғайриқонунӣ маҳрум сохтан аз озодӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |