Нигаронии "Хабарнигорони бидуни марз" аз вазъи Ҳикматулло Сайфуллоҳзода

Созмони "Хабарнигорони бидуни марз" мегӯяд, саломатии Ҳикматулло Сайфуллоҳзода, сардабири нашрияи "Наҷот"-и Ҳизби фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ дар маҳбас бад шудааст.
Ин созмон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ба Сайфуллоҳзода имкони ёрии тиббӣ фароҳам биёрад. Дар изҳороти “Хабарнигорони бидуни марз”, ки дар сомонаи ин ниҳод нашр шуд, гуфта мешавад, “Ҳикматулло Сайфуллоҳзода 66 сол дошта, аз дарди қалб ва пойгояш шикоят кардааст. Тибқи хабарҳои охирин дар пайи рад шудани дархосташ барои кумаки тиббӣ, гуруснанишинӣ кардааст”.
Йоханн Бирр, раҳбари шӯъбаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии ин созмон гуфтааст, "Ҳикматулло Сайфуллоҳзода дар ҳолати бад қарор дора два бояд фавран муолиҷа шавад. Ҳамчунин, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба мақомоти тоҷик фишор биёранд, то фишори озодии воситаҳои ахбори оммаро қатъ намоянд".
Ҳикматулло Сайфуллоҳзода дар қатори дигар аъзои аршади ҲНИТ баъди исёни генерал Абдуҳалим Назарзода дар моҳи сентябри соли 2015 боздошт шуд. 2 июни соли равон бо ҳукми Додгоҳи олӣ 16 сол аз озодӣ маҳрум гардид.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |