Бахшҳо

Ато Муҳаммад Нур: Зӯри Ғанӣ намерасад, ки маро барканор кунад

Ато Муҳаммад Нур, волии вилояти Балхи Афғонистон ва аз тоҷикони таъсиргузор дар сиёсати имрӯзи Афғонистон дар пайи овозаҳои барканории ӯ аз мақомаш гуфтааст, ки зӯри раисиҷумҳур Ашраф Ғанӣ барои барканории ӯ намерасад.

Ато Муҳаммади Нур ҳамчунин гуфта, “Муҳаммад Ашраф Ғанӣ марои таъин накарда, ки барканор кунад”.

Волии вилояти Балх, ки ҳамчунин раиси умумии Шӯрои иҷроияи Ҷамъияти исломии Афғонистон, яке аз ҳизбҳои пуртаъсир дар Афғонистон мебошад, гуфтааст, “Ғанӣ раисҷумҳури тавофуқӣ аст ва бо имзои мо ба арк рафтааст ва агар зӯраш ба ман мерасид, дар ду сол ба ду дақиқа ҳам намегузошт, ки дар Балх бошам”.

Овозаҳо дар бораи барканории Ато Нур аз мақоми волии вилояти Балх аз сӯйи Ашраф Ғанӣ тайи ду рӯз аст, ки шабакаҳои иҷтимоӣ ва дар бархе аз расонаҳо, аз ҷумла хабаргузории “Уфуқ” нашр шудаанд.

Ин овозаҳо дар ҳолест, ки дирӯз Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати Ваҳдати миллӣ дар Афғонистон аз Муҳаммад Ашраф Ғанӣ интиқоди шадид кард ва гуфт, ки “Муҳтарам раисҷумҳури Афғонистон, худат вақт надорӣ, ки бо раиси иҷроияат дар зарфи 3 моҳ ҳадди ақал 1 ё 2 соат танҳо як ба як бубинӣ. Пас вақти шумо, бузургвор дар чӣ сипарӣ мешавад?”.

Бар пайи ин изҳороти Абдуллоҳ Абдуллоҳ, Ато Муҳаммади Нур дар саҳифаи фейсбукии худ ҷонибдорияшро аз мавзеъгирии раиси иҷроия баён кардааст: “Мавзеи раиси муҳтарами иҷроияро, ки бо сароҳат аз хостаҳо ва ормонҳои мардум сухан гуфт, ҳимоят менамоям ва умедворам, ки ин мавзуъ на дар ҳадди шиор ва поёндиҳӣ ба хашми мардум, балки қотеъона ва содиқона бошад. Ҷаноби раисҷумҳур ва тими ҳамроҳашон ҳам низ ба ин амр таваҷҷуҳи лозим дошта бошанд, ки ҳукумати ваҳдати миллӣ ҳосили тавофуқи сиёсии ду тими интихоботист. Ва ҳар гуна тасмим бояд бар асоси тавофуқи ҳар ду тараф сурат бигирад. Тасмими фардӣ ба нафъи ҳеч яке аз тарафайн нест ва кишварро ба сӯйи буҳрон савқ медиҳад”.
Мӯҳр
Мо бояд точикониАфгонисторо дуст бидорем Хукуматимо бояд дастгиришон кнан.

Сайфулло
Хаминаш намерасид, ки точиконро бо афгонхо чанг андозанд.

Шумо хамат зурен)
Гани боша
ту боши) чи фарке
давлату давлатдоритона намебини?
Асри 19ден олиям!
Зинда бод Чаноби оли
бо давлату Давлатдорияш!

мирсаид
дар хақиқат Ато Нур зӯр аст. У чизеро ки гуфт сохта нест. босавод аст. номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад. генерал хам хаст. агар касе мазори Шариф рафта бошад бад мефаҳмад ки осудаву тинҷӣи мардуми мазори Шариф аз кишварҳои вобаста будааст.

Озоди!!! Шархи маро чоп накарди а? Хакиката чоп намекуни. Бо ин тарз давлатро бо хушомадгуи пеш бурда намешавад. Бояд камбудихоро бахри ислохашон ошкоро гуи. Агар чунин фардон хаёл кунанд, ки Точикистон метавонад ба Афгонистон кумак ва химоят кунад, пас онхо худро мувафак шумурда ва мумкин инро интихо шуморанд, аммо дар асл ин тавр нест ва мо бояд донем, ки давлати мо суст ва нотавон аст ва бояд барои тавоно кардани он кушиш кунем.

Ба Сайфулло. Ин ки дар Афғонистон паштунҳо(яъне афғонҳо) бар сари тоҷикон беш аз 200 сол инҷониб ҷанг эълон кардаанд, пушида нест. Инро фақат тоҷики Тоҷикистонӣ, ки ба даргириҳои маҳаллиии худаш қарнҳо инҷониб овора аст, намебинад. Афсус... Озодагон бидуни таҳрир чоп кун, агар аз Озодагон ҳастӣ!

Афгон гуфтаги миллат нест. Афгон як кавми хурдакак аст. Афгонистон асосан замини точику порс аст.

точик
Ин пуштунхо ягон вакт точикро хуш надоранд!

АЛИ
Мутаассифона имрузҳо тоҷикони асил ва воқеан тоҷик дар Афғонистон ҳастанд! Аз тоҷикии мо мардуми Тоҷикистон чизе боқӣ намондааст!!!Форситочик,

хакикатро ошкоро гуфтан хислати мардонагист...хуни точики халолат бод .....Атомухаммад Нурр...

саид
Ин марди шучоъ шогирди усто Раббони ва Масьуди бузург аст,ва ин шикаста нопазир аст.Форситочик,

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)