Бахшҳо

Вокуниши Ашраф Ғанӣ ба Абдуллоҳ: Боҳавсала ҳастам

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, раисҷумҳури Афғонистон ба изҳороти 11 августи Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ин кишвар, ки ӯро дар беҳавсалагӣ мутаҳҳам кард, вокуниш кардааст.

Дар ин вокуниши Ғанӣ, ки дар шакли як иттилоия дар торнамои дафтари раёсатҷумҳурӣ нашр шудааст, гуфта мешавад: “Бо таассуф суҳбатҳои муҳтарам доктор Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар мутобиқат бо мавозин ва руҳияи давлатдорӣ набуда, зеро асоси ҳукуматдорӣ бар усули ва завобити қонунӣ устувор ва бар мабнои он иҷроот сурат мегирад”.

Дар бахши дигари ин вокуниш омадааст, “ҳукумати ваҳдати миллӣ таҳти раҳбарии раиси Ҷумҳури исломии Афғонистон бо ҳавсаламандии тамом барои пешбурди умур дар наздик ба ду сол ба рағми чолишҳои фаровон ба дастовардҳои қобили таваҷҷуҳ ноил омадааст”.

Дафтари раёсатҷумҳури гуфтааст, дар мавриди изҳороти Абдуллоҳ Абдуллоҳ баҳсҳои ҷиддӣ ва муассир сурат хоҳанд гирифт. Абдуллоҳ Абдуллоҳ рӯзи панҷшанбеи 11 август дар нишасти хабарие бахшида ба Рӯзи ҷавонон Ашраф Ғаниро дар беҳавсалагӣ муттаҳам карда, гилоя намуд, ки ӯро барои суҳбатҳои ҳузурӣ намепазирад. Ӯ дар хитоб ба раисиҷумҳур гуфт: “Муҳтарам раисҷумҳури Афғонистон, худат вақт надорӣ, ки бо раиси иҷроияат дар зарфи 3 моҳ ҳадди ақал 1 ё 2 соат танҳо як ба як бубинӣ. Пас вақти шумо, бузургвор дар чӣ сипарӣ мешавад?”

Раиси иҷроияи Ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон бо ишора ба ин ки ӯ аввалин касе буда, ки низоми ҳукумати Ашраф Ғаниро машрӯият бахшидааст, таъкид намуда, “ман ҳеч инро рад намекунам, ки дар дохили ҳар ҳукумат ҳатман баҳс, музокира ва мубоҳиса мебошад. Ин гапи нурмол аст”.



Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар пайи ин нуқтаназараш афзудааст: “Аммо як касе, ки ҳавсалаи баҳсро надошта бошад, ӯ лаёқати раёсат ҳам надорад, ҳавсалаи шуниданро надошта бошад, надорад. Он ҳам ба он забон ва адабиёте, ки ман матраҳ мекунам”.

Ӯ дар ин маросим бо ёдоварӣ аз сухани Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистонн, ки замони интиқоли қудрат дар гӯши Ашраф Ғанӣ гуфтааст, изҳор дошта: “Он вақтҳоят гузашт. Ҳоло ҳавсала кун”.

Раиси иҷроия дар идома гуфтааст, бо тамоми эҳтиром мақоми раёсатиҷумҳурӣ мақоми муҳтарам аст: “Шахси раисҷумҳурро эҳтиром кардаам ва мехоҳам мавриди эҳтироми мардуми Афғонистон бошад. Аммо эҳтиром чизе нест, ки касе ба касе дар коғаз туҳфа бидиҳад. Эҳтиромро одам ба даст меорад”.

Ҳукумати ваҳдати миллӣ наздик ба ду сол пеш пас аз ҷанҷолҳои зиёд бар сари шаффофияти интхоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон дар натиҷаи тавофуқнома миёни ду номзади ҳозир дар ду давраи интихоботӣ ташкил шуд. Бар асоси ин тавофуқнома Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ҳамчун раисҷумҳури Афғонистон ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба ҳайси раиси иҷроия таъйин шуд.
Мӯҳр
Сорбони Ошик.Нева
Ашраф Гани бо ман мани,
Мушт ба руи сина зани,
Карзай бигуфти хом буд,
Бехавсала беком буд,
Гуфти эзораш хиштаки,
Дар сар кулохи пашмаки,
Дар тан чомаи бекассаб,
Доим буд дар тобу таб.
Карзай бирафт чавчавак задед,
Гани омад чаппак задед,
Гуфтед,ки хело лоик аст,
Хуб гуфтеду думбак задед.
Маськд кучост шери худо?
Ки ин кадар туппак задед,
То кай ба хам дар таьнахо,
Гох рохгум бумбак задед,
Ин Абдуллох норози боз,
Охир чи мехохед дигар?
Аз минбару аз чургахо,
Бо хамдигар чашмак задед.
Толиб биомад беадад,
Боз кисмате карсак задед,
Дар огуши чангу чидол,
Ба руи хам тарсак задед.
Бар мулки афгон дустон,
Кай мешавад сулхи гарон,
То ки ба хам якчо шавед,
Як давлати барпо шавед.
Мо точикон хурсанд шавем,
Бо хамдигар пайванд шавем,
Мо хам чое чавлак занем,
Хам сурнаю таблак занем!

Дарвеш
Ба Ашраф Гани нигох мекунам рости хеле шахси окилу доност, лекин тарафдори он аст, ки махз паштухо дар сари хокимият бошанд.
Ба Абдулло Абдулло назар мекунам, харчанд, ки падараш пашту хаст, вале модараш ТОЧИК аст тарафдори он аст, ки тамоми АФГОНХО дар сари хокимият бошан. Лекин ТОЧИКИЯТ дар у равшантар эхсос мешавад.

Ашраф Гани ба президент хам монанди надорад.Президент мисли Кумандон часуру нотарс бояд бошад махсус дар Афгонистон.Аз Эмомали Рахмони мо ибрат гиред бародарон.Абдуллох сурати зебои Подшохи хам дорад ва часуру гаюр менамояд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Декабр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)