Русия мунтахабашро, ки аз Тоҷикистон 6:0 шикаст хӯрд, “тақаллубӣ” хондааст

Иттиҳоди футболи Русия мегӯяд, дар бораи тими мунтахаби наврасон, ки аз номи Русия дар мусобиқаи байналмилалӣ барои дарёфти “Ҷоми президенти Қазоқистон” иштирок мекунад, хабар надорад.
Николай Писарев, раҳбари ин Иттиҳод дар суҳбат бо "Спорт-Экспресс" гуфтааст, расман Русия ягон мунтахабро ба ин сабқат равон накардааст. Ӯ афзудааст, ки оид ба ин масъала бо Федератсияи футболи Қазоқистон дар тамос хоҳад шуд, зеро ӯ ҳатто тасаввурот надорад, ки аз номи Русия кӣ дар ин мусобиқа иштирок кардааст.
Дар мусобиқа барои дарёфти “Ҷоми президенти Қазоқистон” миёни наврасон дастае аз номи Русия баромад кард, ки дар нахустин рақобаташ аз Тоҷикистон бо ҳисоби 6:0 ва дар ду рақобати дигар бо Эрон 10:0 ва бо Озарбойҷон бо ҳисоби 12:1 шикаст хӯрд. Ба иттилои Федератсияи футболи Қазоқистон ба ҳайати тиме, ки аз номи Русия баромад кард, Кулумбегов, Лебедов, Абшилава, Аблов, Оганҷанян, Гогричиани, Мардеросян, Янушкевич, Папазян, Галустян, Роступняк, Кюлян, Трифонов, Зарандия, Воуба ва Кегеян шомиланд, ки онҳоро дар ин мусобиқа сармураббӣ Давид Хмелидзе роҳбарӣ мекардааст.
Бино ба тахмини "Спорт-Экспресс" дар мусобиқа аз номи мунтахаби Русия яке аз дастаҳои Сочи ва ё мунтахаби Краснодар баромад кардааст.
Дар мусобиқа барои дарёфти Ҷоми президенти Қазоқистон мунтахабҳои футболи Тоҷикистон, Русия, Озарбойҷон, Эрон, Албания, Қазоқистон, Қирғизистон ва дастаи “Крузейро”-и Қазоқистон рақобат мекунанд, ки ғолиби он 7 ҳазор доллар ва соҳибони мақоми ду ва се мутаносибан 5 ва 3 ҳазор долларӣ мегиранд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |