Пешрафти Тоҷикистон дар раддабандии нави “ФИФА”
Тоҷикистон дар раддабандии нави Федератсияи байналмилалии футбол-«ФИФА», ки 11 август нашр шудааст, як зина пеш рафтааст.
Ба иттилои ФИФА Тоҷикистон бо 222 имтиёз миёни 209 кишвари сайёра дар ҷойи 144-ум қарор гирифтааст. Моҳҳои аввали соли равон дар пайи нокомиҳо мунтахаби кишвар дар мақоми 164-ум қарор гирифта буд, аммо баъди ду пирӯзияш бар Бангладеш моҳи гузашта мавқеашро 19 зина боло бурд.
Дар садри раддабандӣ тими миллии Аргентина қарор дорад. Дар ҷойи дуюм Белгия ва мақоми сеюмро Колумбия соҳиб шудааст. Олмон, Чили, Португалия, Франсия, Испания, Бразилия, ва Италия шомили даҳгонаи беҳтарин тимҳои миллии ҷаҳон гардидаанд. Федератсияи футболи Тоҷикистон мегӯяд, ду бозии дӯстонаи мунтахаби кишвар 27 август бо Сурия ва 6-уми сентябр бо Фаластин метавонад мақоми Тоҷикистонро дар ин раддабандӣ тағйир бидиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |