Тавре Фаридун Маҳмадалиев, сардори дафтари матбуоти вазорати мадофиа ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, сафари роҳбарияти вазорати мудофиаи ҷумҳрии Тоҷикистон дар Беларус муддати 3 рӯз идома хоҳад кард. Дар назар аст, ки зимни ин сафар Шералӣ Хайруллоев бо ҳамтои худ Юрий Шадобин мулоқот намуда, доираи васеи ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбии техникиро аз қабили табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ, омодасозии кадрҳои низомӣ, ҳамоҳангии қувваҳои мусаллаҳ дар муборизаи муштараки зидди терористӣ ва дигар масъалаҳое, ки бевосита ба сатҳи низомии ду кишвар вобастааст, мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.
Гуфта мешавад, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Беларус аз солҳои аввали таъсисёбии артиши миллии Тоҷикистон оғоз гардида, сол аз сол дар сатҳи баланд густариш меёбад.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |