Дархости афв аз Президент: Писарам бисмиллоҳи худашро намедонист (ВИДЕО)

Модари як ҷавони тоҷик, ки бо иттиҳоми зархаридӣ 7 сол аз озодӣ маҳрум шудааст, аз раисиҷумҳури кишвар хоҳиш дорад, писарашро афв кунад.
Сайлӣ Маҳмадназароваи 50-сола, сокини шаҳри Душанбе мегӯяд, писараш Ҷӯрабек Мирзоғоибов гуноҳе надорад ва аз Эмомалӣ Раҳмон мехоҳад, ӯро афв намояд. Мирзоғоибов бо ҷурми даъвати ҷавонон ба Сурия барои 7 сол равонаи зиндон шудааст. Аммо хонум Маҳмадназарова 10 август дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, писараш умуман саводи динӣ надорад: “Бисмиллохи худро намедонист. Тасаввуроти илми исломӣ надошт. Гимназияи 74-ро хатм кардааст, ки онҷо ҳама масеҳӣ буданд”.
Вай гуфт, писараш ягона таъминкунандаи рӯзгори хонаводаашон буд. Бо вуҷуди чанд забони хориҷиро донистанаш бо далели вазъи бади зиндагӣ дар Русия мардикорӣ мекард: “Ҳоло дар Душанбе бо ду фарзанди маъюбам иҷоранишин ҳастам. Зиндагиам хеле мушкил аст. Аз Ҷаноби олӣ эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки писари маро, ки бегуноҳ ҳабс шудааст, афв кунад”.
Сайлӣ Маҳмадназароваи мегӯяд, агар писараш гуноҳ медошт, худаш ӯро ба мақомот таслим мекард. Ба гуфтаи ӯ, Ҷӯрабек шоми 4 феврали соли равон дар Душанбе боздошт шуда, ахиран дар асоси моддаи 401 қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (зархаридӣ) 7 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |