Бахшҳо
11 авг 2016 12:34Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Душанбе хатари бузурги пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризмро рад кард

Бонки миллии Тоҷикистон изҳороти ҷадиди Пажуҳишгоҳи идоракунии Базел, "Basel Institute on Governance"-и Швейтсарияро дар бораи хатари бузурги пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризм дар Тоҷикистон беасос хонд.

Бонки Миллии Тоҷикистон имрӯз, 11 август бо пахши як иттилоия эълон кардааст, ки ҳисоботи тадқиқотии Институти идорасозии Базел, ки соли 2015 ва соли 2016 нашр гардида, масъалаи пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризмро дар Тоҷикистон дар ҷойи назаррас қарор додааст, дар заминаи маълумоти номуътамад анҷом ёфтааст.

Ин бонк таъкид кардааст, ки дар маводи Пажуҳишгоҳи идоракунии Базел таҳлили фаъолияти давлатҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм (МҚД/МТ) комилан нодуруст сурат гирифтааст: “Аз ҷумла, давлатҳое, ки аз рӯи тавсияҳои 40+9-и ФАТФ ва тавсияҳои нави 40-и ФАТФ баҳогузорӣ мешаванд, дар тадқиқоти мазкур дар якҷоягӣ таҳлил шудаанд. Ҳол он ки талаботи тавсияҳои 40+9 ва тавсияҳои нави 40-и Гурӯҳи ФАТФ аз ҳамдигар комилан фарқ мекунанд”.

Бонки миллӣ шарҳ додааст, ки дар намояи пулшӯйии Базел-2016 давлатҳое, ки дар зинаҳои поёнӣ қарор доранд, дар муқоиса бо ФАТФ дар рӯйхати хокистарранги он ҷой дода шудаанд. Ба иддаои масъулини Бонки миллӣ, ба рӯйхати хокистарранги ФАТФ ворид шудани давлат маънои норасоии стратегиро дар самти МҚД/МТ дорад ва набудани номи Тоҷикистон дар ин рӯйхат, ин далел аз мустаҳкамии низоми давлат дар самти мубориза бо пулшӯйӣ шаҳодат медиҳад.

Ҷониби Тоҷикистон Институти Базелро дар муттаҳам мекунад, ки ҳисоботи Гурӯҳи Авросиё ва Гурӯҳи ФАТФ-ро дар хусуси аз рӯйхати хокистарранг баровардани ҷумҳурӣ дар соли 2014 сарфи назар карда, рейтинги худро нисбати Тоҷикистон дар асоси ҳисоботи баҳогузории тарафайни соли 2008 тартиб додааст: “Тоҷикистон дар соли 2014 аз ҷониби Гурӯҳи Авросиё ва Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба расмикунонии пул (ФАТФ) ба қатори кишварҳое, ки ба талаботи ин ташкилот комилан ҷавобгӯ мебошанд, ворид карда шуд».

Қаблан Пажуҳишгоҳи идоракунии Базел, "Basel Institute on Governance"-и Швейтсария бо пахши як гузориши ҷадид, бо назардошти адами шаффофияти оммавӣ, ҷой доштани фасоди густурда ва меъёрҳои пасти молиявӣ аз 10 холи имконпазир ба Тоҷикистон 8,19 хол дода буд, ки танҳо аз Эрону Афғонистон камтар мебошад. Тоҷикистон дар раддабандии соли 2015 низ бо 8,26 хол миёни 152 кишвари дунё, баъди Эрону Афғонистон дар ҷои сеюм қарор дошт. Тибқи ҷадвали 10-баллии муҳаққиқони швейтсарӣ, хатари пулшӯӣ дар соли 2016 дар Эрон ба 8,61, дар Афғонистон-8,51 ва дар Тоҷикистон ба 8,19 бал баробар мебошад. Соли равон миёни 149 кишвари дунё Украина бо 6,57 хол дар ҷои 46, Туркия бо 6,55 хол дар ҷои 47, Русия бо 6,22 хол дар мақоми 58, Қирғизистон бо 6,21 хол дар ҷои 60, Молдова бо 5,24 хол дар ҷои 93, Узбакистон бо 5,1 бал дар ҷои 101, Озарбойҷон бо 4,84 дар ҷои 118 ва Гурҷистон бо 4,71 хол дар мақоми 123-юм ҷой гирифтаанд. Кишварҳои амнтарин аз нигоҳи пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризм Финландия, Литва ва Эстония арзёбӣ шудаанд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)