30–сол ҳабси милиса барои қатли сардоронаш дар Исфара
Додгоҳи вилояти Суғд Сабур Хаёлов, собиқ корманди воҳиди махсуси милиса дар деҳаи Хоҷа Аълои ноҳияи Исфараро барои қатли ду сардораш ба 30 соли зиндон маҳкум кардааст.
Дар ин бора манобеи “Озодагон” иттилоъ дода, афзуданд, ки Хаёлов моҳи октябри соли 2015 дар пайи хусумати шахсӣ лейтенанти калон Алишер Шехназаров, сардори 27-солаи воҳиди махсуси Шӯъбаи корҳои дохилӣ -- 2 дар ҷамоати Чоркӯҳи Исфара ва муовинаш лейтенанти 35-сола Маҳкам Сафаровро паронда ба қатл расондааст.
Далели ин қазия хусумати шахсӣ арзёбӣ мешавад, ки дар заминаи муноқиша барои духтар ба вуҷуд омадааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |