Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон: "Парки Тоҷикистон" хароб нашудааст (АКС)

Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабари тахриби "Парки Тоҷикистон" дар шаҳри Караҷи вилояти Албурзро беасос хонд.
Аз ин ниҳод ба хабаргузории "Озодагон" иттилоъ доданд, "Парки Тоҷикистон" хароб нашудааст ва ҳеч тасмиме низ барои вайрон кардани он гирифта нашудааст. Шаҳрдории Караҷ ҳам бо нашри раддияе гуфта, "Парки Тоҷикистон" вайрон нашудааст. Ҷавод Расулӣ, дабир ва ноиби раиси Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон, ки дар Караҷ қарор дорад, аснои боздид аз ин боғ чанд акс ҳам бардоштааст ва таъкид мекунад, чунин чизе сиҳат надорад. Муовини шаҳрдори Караҷ ба оқои Расулӣ гуфта, он фазои мавриди баҳс аслан ҷузви замини Бӯстон набудааст: “Иттифоқан, қарор аст заминҳои пушти он харидорӣ шуда ва ба масоҳати парк афзуда шавад ва фазои рестурони он ҳам барои фарҳангсарои наврӯзӣ ба Анҷумани дӯстии Эрон ва Тоҷикистон дода шавад”.
Қаблан, бархе расонаҳои Эрон навиштанд, ки шаҳрдории Караҷ иҷозатномаи моликияти хусусии “Парки Тоҷикистон”-и ин шаҳрро содир карда, дар пайи он тахриби боғ шурӯъ шудааст. Ба иттилои хабаргузории "Меҳрнюс", ин хабар эътирози сокинони шаҳри Караҷро ба бор оварда, теъдоде аз онҳо бо иқдоми худҷӯш дар муқобили ин парк таҷамӯъ карда, хостаанд, маъулини вилояти Албурз вориди ин мавзӯъ шуда, аз тахриби боғ ҷилавгирӣ кунанд.
“Парки Тоҷикистон” соли 2011 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, бино ба иттилои шаҳрдории Караҷ тибки тафоҳуми тарафҳо бояд дар Тоҷикистон ҳам боғ ё хиёбоне номи Караҷро бигирад.

Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |