Тибқи иттилои расида, намояндаи додситонӣ дар оғози муҳокима аз додгоҳи вилоятӣ хост, ки Владимир Садовничий ва Алексей Руденкоро озод намояд.Толибҷон Азимов, ёвари додситони вилояти Хатлон, айбдоркунандаи давлатӣ, зимни баромади худ гуфтааст: «Мо дар мавриди бегуноҳ будани ин ду халабон чизе намегӯем, аммо аз додгоҳи вилояти Хатлон мехоҳем, ки хукми суди зинаи аввалро тағйир дода, бо назардошти шахсияти онҳо, ки бори аввал суд шудаанд, ҷазояшонро сабуктар кунад» . Вай илова кардааст, ки "ба ҳар кадом аз халабонҳо 2 солу 6 моҳ ва 14 рӯз бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи то 4 сол идора намудани ҳавопаймоҳо ҳукм содир шавад." "Бинобар Қонуни афви Тоҷикистон мехоҳем, ки аз ин ҳукм 2 солаш кам карда шуда, бинобар ин ки онҳо аз 6 моҳ зиёдтар дар СИЗО нигоҳдорӣ карда шудаанд, аз толори додгоҳ озод карда шаванд",-гуфт Толибҷон Азимов.
Ҳамзамон, вакили дифоъи ҳалабонҳо, Ғулом Бобоев гуфтааст, ки эътирози додситонии Хатлонро ҷонибдорӣ мекунад, аммо гуфт, нафарони таҳти ҳимояташ бояд пурра озод карда шаванд.
Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир суд ба хонаи машваратӣ рафта, ҳукми ниҳоӣ алъон эълом нашудааст.
Ёдрас менамоем, додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа рӯзи ҳафтуми ноябр ин ду халабони ширкати “Ролкан Инвестмент ЛТД”-ро ба ҷурми убури ғайриқонунии марз, нақзи меъёрҳои байнулмилалии парвоз ва қочоқ ба ҳаштуним соли зиндон ҳар кадомеро маҳкум кард. Ҳукми ин ду халабон боиси таниши бесобиқае дар равобити Душанбеву Маскав шуд ва мақомоти Русия зоҳиран дар посух ба ҳукми халабонҳо ба боздошту ихроҷи муҳоҷирони тоҷик пардохта, таҳдид карданд, ки шояд ҳатто вуруди мардикорони тоҷикро ба Русия манъ кунанд. Танҳо баъд аз судури ҳукми ин ду халабон садҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кору зиндагӣ мекарданд, боздошт ва як гурӯҳи онҳо ихроҷ шуданд.
Мӯҳр« Апрел 2025 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 |