Бахшҳо
10 авг 2016 16:42Тоҷикистон / Сиёсат

Сафири Эрон: Тоҷикистон муҳимтарин манобеи оби ширин дар ҷаҳон аст

Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон дар ҳошияи ҳамоиши байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт”, ки дар шаҳри Душанбе ҷараён дорад, обро колое номида, ки рӯз ба рӯз ба рӯз аҳамияти он дар дунё афзуда мешавад ва “дар оянда арзиши он аз нафт низ бештар хоҳад шуд”.

Пойгоҳи хабарии “Форс” аз қавли Фағонӣ навиштааст: “Яке аз меҳварҳое, ки Тоҷикисон метавонад бо бархе аз кишварҳои минтақа монанди Эрон ва кишварҳои арабӣ ҳамкорӣ кунад, меҳвари об мебошад”. Ӯ бо ишора ба зарфияти оби Тоҷикистон гуфтааст: “Ин зарфият байни ду кишвар вуҷуд дорад, ки рӯзе интиқоли лӯлаи об аз Душанбе ба Теҳрон ва лӯлаҳои интиқоли энержӣ дар масири билъакс роҳандозӣ шаванд”.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон афзуда, тарҳҳое дар ин замина ҳастанд ва изҳори умед кардааст, ки “рӯзе бо талоши ду кишвар, яъне Тоҷикистон ва Эрон ин тарҳҳо амалӣ шаванд”. Ҳуҷатуллоҳ Фағонӣ дар поёни суҳбаташ таъкид кардааст: “Ин ибтикори Эмомалӣ Раҳмон, ки даҳҳаи гузашта ва ин даҳҳаро ба унвони даҳҳаи “Об барои ҳаёт” ва “Об барои тавсеаи пойдор” муаррифӣ кардааст, бисёр хуб аст ва ин боис шуда, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ низ ба зарфиятҳои обии Тоҷикистон таваҷҷуҳ шавад, чун ин кишвар муҳимтарин манобеи оби ширин дар ҷаҳон мебошад”.

Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор таҳти унвони “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” 9 август дар Душанбе ба кори худ оғоз карда, то 11 моҳи ҷорӣ идома хоҳад дошт.


Акс аз бойгонӣ
Мӯҳр
otifa
Ozodagon iltimos aqalan sarlawhatona durust kuned sharmandagi boz

Салом ба кулли кормандони Радиои Озодагон. Ман хонандаи доимии Шумо. Аз Шумо танхо як чиз хохиш карда мешавад, ки хабархоро як бор ду бор не балки бештар хонда ва баъдан дар сомонаатон дохил менамудед бехтар мешуд чун ки пур аз хатогихост. Масалан:Тоҷикистонро муҳимтарин манобеи оби ширин дар ҷаҳон аст ё рӯз ба рӯз ба рӯз чи маъне дорад ман нафахмидам. Хохиш Хохиш Хохиш дурустар монед хабархоятонро

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)