Тамдиди муҳлати ваколати маъмурияти муваққатии “Тоҷпромбонк”
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон бо як қарор муҳлати ваколати маъмурияти муваққатии “Тоҷпромбонк”-ро то 3 моҳи дигар тамдид кардааст.
Дар қарори нави Бонки миллӣ гуфта мешавад, тамдиди маъмурияти муваққатии “Тоҷпромбонк” аз 3 август “бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилоти қарзӣ, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳонини ин бонк” роҳандозӣ шудааст.
Манбаъ мегӯяд, ба маъмурияти муваққатӣ дастур дода шудааст, фаъолияти худро дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ ба роҳ монда, барои беҳтар кардани вазъи молиявии ташкилоти қарзии номбурда чораҳои зарурӣ андешад.
Тамдиди маъмурияти муваққатии “Тоҷпромбонк” дар ҳолест, ки Ҷамшед Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллӣ рӯзи 25-уми июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе эълон намуд, ки аз муфлисшавии “Тоҷпромбонк” ҷилавгирӣ кардаанд. Он замон Нурмаҳмадзода гуфта буд ки, маъмурияти муваққатиро, ки барои ҷилавгирӣ аз муфлисшавии “Тоҷпромбонк” таъин кардаанд, ба қадри имкон фаъолият дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Ноябр 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | |