Дарди даст Анвар Юнусовро аз мубориза барои нишони олимпӣ маҳрум сохт
Анвар Юнусов, муштзани шинохтаи тоҷик бар ҳарифаш аз Бразилия бо нокаути техникӣ мағлуб шуд.
Дар қувваозмоии шаби гузашта баъди раунди аввал Анвар Юнусов бо иллати дарди дасти росташ аз идомаи рақобат даст кашид ва Робсон Консейкао ба даври баъдии мусобиқа роҳ ёфт.
Дасти рости Анвар Юнусов дар гузашта ҷарроҳӣ шуда буд ва дар қувваозмоӣ бо Ҷун Шан, муштзани чинӣ дар даври аввали мусобиқот (6 август) Анвар бо дасти чапи худ бештар зарба зад. Он вақт шореҳони варзиш гуфтанд, ки шояд дасти рости муштзани тоҷик лат хӯрдааст.
Тоҷикистонро дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ, ки дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия ҷараён дорад, 7 варзишгар намояндагӣ мекунад. Баъди шикасти Анвар Юнусов барои медали олимпӣ Комроншоҳи Устопириён, Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Олим Қурбонов, Анастасия Тюрина, Кристина Пронженко ва Дилшод Назаров мубориза хоҳанд кард.
Имрӯз, 10 август, Комроншоҳи Устопириён дар сабқати ҷудо дар вазни то 90 кг ба майдон мебарояд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |