Ғунҷоиши "Каттасой" 15 миллион куб камтар шудааст (АКС)
Обанбори “Каттасой”-и Истаравшан, ки дар ҷануби ин шаҳр, байни ҷамоатҳои деҳоти Қалъачаи Калон ва Нофароҷ ҷойгир аст, феълан вазъи хеле нигаронкунанда дорад.
Бино ба иттилои манобеи “Озодагон”, қаблан ин обанбор 50 миллион куб ғунҷоиш дошт, аммо масъулин мегӯянд, “дар пайи омадани сел ва ҷамъ шудани лойқа ҳоло ғунҷоиши он ҳамагӣ 35 миллион кубро ташкил медиҳад”.
Бино ба маълумотҳо, ин об асосан барои заминҳои корам ва баъди коркард барои нӯшидани мардуми шаҳр истифода мешавад.
Обанбори мазкур миёни мардум бо номҳои “Шестой” ва “Пансионат” ҳам маъруф аст. Як масъули ҳукумати шаҳри Истаравшан дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, чун ин обанбор аз маркази шаҳр 6 км дуртар воқеъ аст, онро “Шестой” мегӯянд: “Дар замони ҳокимияти Шӯравӣ дар он ҷо макони истироҳат буд, аз ин хотир “Пенсионат” низ мегӯянд”.
Хабарнигори “Озодагон” чанд акси ин обанборро бардошт, ки пешниҳоди хонандаҳо мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |