Ярмаркаи навбатии ҷойҳои холии кор дар Душанбе сурат пазируфт.
Ин чорабинӣ бо ташаббуси сарраёсати агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират дар шаҳри Душанбе ва кумитаи кор бо занон дар маркази фарҳангии ҷавонон мавсум ба “Ориёно” баргузор гардид. Тавре масъулини ин чорабини ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар ин ярмарка 40 корхонаю муассисаҳои шаҳри Душанбе иштирок карда, 1971 ҷойи кор ба корҷӯён пешниҳод карданд. Дар ярмаркаи мазкур ба 132 нафар барои кор ва 83 нафар барои омӯзиши касбҳо роҳхат дода шуд. Дар ҷараёни чорабинӣ ҳудуди беш аз 900 нафар шаҳрвандон, ки ҷойи кори нав мекофтанд, ширкат варзиданд.
Мӯҳр