Бозии мусовии футболбозони тоҷик бо озариҳо
Тими наврасони Тоҷикистон оид ба футбол бозии дуввуми худро дар мусобиқоти байналмилалии Ҷоми президенти Қазоқистон мусовӣ кард.
Қувваозмоии футболбозони тоҷик ва Озарбойҷон, ки имрӯз, 9 август баргузор шуд, бо ҳисоби 2:2 хотима ёфт. Ҳисобро дар дақиқаи 14-ум Комрон Гулиев, бозигари Озарбойҷон боз кард. Дар дақиқаи 35 Шаҳром Самиев ҳисобро баробар сохт. Дар дақиқаи 45 Шакир Сеидов голи дуввуми Озарбойҷонро ба ҳадаф расонд. Ваҳдат Ханонов, бозигари тоҷик дар дақиқаи 60 ҳисобро 2:2 кард.
Баъди ду дидор яккачини наврасони Тоҷикистон бо 4 хол дар зинаи дуввум қарор дорад. Рӯзи гузашта наврасони тоҷик ба дарвозаи Русия шаш голи беҷавоб зада буданд.
Рӯзи 11 август тими наврасони Тоҷикистон бо яккачини наврасони Эрон вориди рақобат мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |