Э.Раҳмон ҳамлаи террористӣ дар Покистонро нафратовар хонд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли номаи тасаллаият ба Муҳаммад Навоз Шариф, сарвазири Покистон ҳамлаи террористии маргталабонро дар шаҳри Кветта маҳкум кардааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар хитоб ба Навоз Шариф гуфтааст, хабари ҳамлаи даҳшатангезро дар шаҳри Кветтаи Ҷумҳурии Исломии Покистон, ки муҷиби ҳалокати даҳҳо мардуми осоишта ва ҷароҳати вазнин бардоштани теъдоди зиёди шаҳрвандон гардид, бо андӯҳу нафрати беандоза дарёфтам: “Тоҷикистон ин амали маргталабонаи террористонро қатъиян маҳкум намуда, зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи қотеонаро бо ҳамагуна зуҳуроти терроризм ва ифтротгароӣ дар сатҳҳои мухталиф муҷаддадан таъкид менамояд. Тасаллияти амиқи хеш ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба аҳли наздикони фавтидагон изҳор намуда, хоҳони шифои комили ҳамаи осебдидагон ҳастем».
Таркиши рӯзи 8-уми август дар назди дарвозаи бемористони шаҳри Кветта, ҳудуди 53 кушта ва даҳҳо маҷруҳ барҷой гузошт. Ҳамлаи интиҳорӣ дар ҳоле рух додааст, ки ба ин беморхона ҷасади вакили дифои кушташуда Билоб Касӣ оварда шудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |