Қатли хоҳари ноболиғи ҳамсар баъди ҳамхобагӣ
Мақомоти Тоҷикистон як сокини 26-солаи ноҳияи Рӯдакиро боздошт намудаанд, ки дар қатли хоҳари ноболиғи ҳамсараш муттаҳам мешавад.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар пайи амалиёти муштарак бо кормандони додситонӣ муайян шудааст, ки боздоштшуда 7-уми августи соли 2016, ба шаҳри Қурғонтеппа омада, бо хоҳари 17-солаи ҳамсараш мулоқот кардааст: “Тахминан соати 21:30-дақиқа, дар лаби канали обгузари “Ҷайҳун” бо хоҳари 17-солаи ҳамсараш вохӯрда, алоқаи ҷинсӣ кардаанд. Сипас бо корди дар дасташ буда, ба гулӯ ва дигар узвҳои бадани духтари ноболиғ 6-7 бор зарба задааст”.
Манбаъ мегӯяд, дар пайи қатл муттаҳам ҷасадро ба канали обгузари “Ҷайҳун” партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |