Озмуни шаҳрдории Душанбе барои интихоби хизматрасонии фейерверкӣ
Шаҳрдории Душанбе аз эълони озмун барои интихоби хизматрасони мушакпаронӣ (фейерверк)-и идона хабар додааст.
Дафтари матбуоти раиси шаҳр мегӯяд, ин хизматрасонӣ дар чорабинии ҷашнӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки дар “Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ” баргузор мешавад, истифода хоҳад шуд. Манбаъ, ҳадафи озмунро “ҷалб ва таъмини иштироки васеи ширкату шахсони воқеию ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ дар таҳия ва иҷрои мушакпаронии (фейерверки) идона бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” гуфтааст.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ меафзояд, довталабон санадҳои худро барои иштирок дар озмун бояд то 16 августи соли равон ба Шӯъбаи фарҳанги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе пешниҳод намоянд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |