Ҷузъиёти боздошти раиси суд: 2 гирифтанӣ буду 50 дод, аммо халос нашуд
Хуршед Сангинзода, раиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз як корафтода 2 ҳазор доллар пора хоста, баъди ифшои фасодкорияш 50 ҳазор доллар пора додааст, то аз ҷавобгарӣ халос шавад.
Манобеи “Озодагон” тасдиқ карданд, ки Сангинзода барои сабук кардани ҳукм аз як сокини ноҳия 2 ҳазор доллар талаб кардааст: “Баъди муроҷиати ин сокин ба Оҷонсии зидди фасод Сангинзода ба муовини раиси ин ниҳод дар Суғд 50 ҳазор доллар пора додааст, то аз ҷавобгарӣ халос шавад”.
Манбаъ афзуд, ки дар пайи додани пора раиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳафтаи гузашта боздошт гардида, феълан таҳқиқи парванда алайҳи ӯ бо иттиҳоми гирифтан ва додани пора идома дорад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |