6 голи беҷавоби футболбозони тоҷик ба дарвозаи Русия
Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон нахустин дидорашро дар доираи мусобиқаи байналмилалии Ҷоми президенти Қазоқистон бо пирӯзӣ ба анҷом расонид.
Футболбозони тоҷик 8 август ба дарвозаи яккачини наврасони Русия 6 голи беҷавоб заданд. Имрӯз, 9 август тими наврасони Тоҷикистон бо мунтахаби наврасони Озарбойҷон рақобат мекунад.
Яккачини наврасони кишвар шомили гуруҳи “В” буда, бо Русия, Озарбойҷон ва Эрон ҳамгуруҳ мебошад. Гуруҳи “А” аз тимҳои миллии наврасони Албания, Қазоқистон, Қирғизистон ва дастаи “Крузейро”-и Қазоқистон иборат аст.
Натиҷаи бозиҳои дигар чунин аст: Қазоқистон-Қирғизистон 2:1, “Крузейро-Қазоқистон”-Албания 0:0, Эрон-Озарбойҷон 3:0.
Барандаи Ҷоми президенти Қазоқистон 7 ҳазор доллар мегирад. Ғолибони мақомҳои ду ва се мутаносибан 5 ва 3 ҳазор долларӣ хоҳанд гирифт.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |