Ҳушдори Вазорат аз камҳаракатӣ ва фарбеҳшавии занони тоҷик

Шералӣ Раҳматуллоев, сардори раёсати хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд дар кишвар махсусан шаҳри Душанбе фарбеҳшавии занони қобили таваллуд боло рафтааст.
Раҳматуллоев имрӯз, 8 август зимни як нишаст бахшида ба даҳаи дастгирии синамаконӣ, ки ҳамасола аввали моҳи август таҷлил мешавад, гуфт, занони қобили таваллуд то 49-соларо фаро мегирад.
Ӯ афзуд, бар асоси тадқиқоташон, ки соли 2012 гузаронда шуд, 29 фисади занҳои Тоҷикистон фарбеҳ, 11 фоиз хароб ва 60 фоиз вазни миёна доранд. Ба иттилои манбаъ тамоюли фарбеҳӣ бештар дар шаҳри Душанбе ҷой дошта, бар асоси омори соли 2012- 42,8 фоизи занони қобили таваллуди пойтахт фарбеҳ арзёбӣ шудаанд. Ӯ илова намуд, ки майли фарбеҳшавии занон афзоиш ёфтааст: “Тадқиқоти наве, ки дар ин самт бурда истодаем, соли 2017 ҷамъбаст хоҳад шуд”.
Сардори раёсати хизматрасонӣ ба модару кӯдак ва танзими оилаи Вазорати тандурустӣ омили фарбеҳиро беҳаракатӣ арзёбӣ карда, аз баъзе урфу одатҳо дар маҳаллаҳои Тоҷикистон интиқод намуд: “Одати бадтарини халқи мо ин аст, ки вақте зан ҳомиладор шуду санаи таваллуд наздик омад, ба хонаи волидонаш мебаранд ва давоми ду-се моҳи ҳомиладорӣ ӯро кор кардан намемонанд”.
Раҳматуллоев таъкид кард, ки бар асоси илми тиб 6 соат баъди таваллуд зан мисли пешина бояд хеста, корҳое, ки дар хона мекард, анҷом диҳад: “Аммо аз мо 40 рӯз кор намекунад. Аммо зан пеш аз таваллуд ва баъд аз таваллуд ҳам чӣ қадар ҳаракат кунад, ҳамон қадар саломатиаш беҳтару зудтар барқарор мешавад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |