Маҳкумияти 18 ҷавон аз Роғун барои қасди зӯрӣ алайҳи сохти конститутсионӣ (ВИДЕО)

Додгоҳи Душанбе 18 сокини аз 20 то 35-солаи деҳаи Қалъаи нави шаҳри Роғунро барои аз 3,5 то 10 сол равонаи зиндон кардааст.
Дар ин бора ба “Озодагон” наздикони маҳкумшудаҳо хабар дода, афзуданд, ки аксари маҳкумшудаҳо бар асоси моддаи 307-и Кодекси ҷиноӣ- даъвати оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ равонаи зиндон гардиданд.
Манбаъ мегӯяд, аз ҷумла Шуҳрат Фатҳиддинов, барои 10 сол, духтури деҳа Файзиддин Саидов ва Алишер Шамсиддинов барои 3,5-солӣ ҳабс гардиданд: “Боқимондаҳо Акаев Афзалшоҳ, бародарон- Ғуломовҳо Муҳибулло, Маҳфизуллоҳ ва Қурбон, бародарон-Кенҷаевҳо Баҳрулло, Амруллоҳ ва Исмоил, Муродов Ибодуллоҳ, Одинаев Зуҳриддин, Раҷабов Раҷабмурод, Сатторов Баҳриддин, Кенҷаев Сайбурҳон, Шафиев Абдуматин, Ҳасанов Муборакшоҳ ва Холов Назрихуҷа аз 5 то 5,5 сол равонаи зиндон гардиданд”.
Боздошти сокинони рустои Қалъаи нав аввалҳои моҳи март сурат гирифт. Мақомот онҳоро дар пайравӣ ба ҷараёнҳои ифротӣ муттаҳам медонанд. Миёни дастгиршудаҳо пизишк ва имом-хатиби масҷиди деҳа низ ҳастанд.
Як гуруҳ аз занҳои рустои Қалъаи нави шаҳри Роғун аз Озода Раҳмон,раҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент дархости расидагӣ ба қазияи боздошти пайвандонашонро доштанд. Қаблан Назригул Соибова, яке аз ин занҳо гуфт, писари 18-солааш дар қатори боздоштшудаҳо аст. Ӯ гуфт, онҳо сокини Душанбеанд ва писараш замоне боздошт шуд, ки ба хонаи бибиаш ба Қалъаи нав рафт: “Ӯ нав намозхониро ёд гирифта буд”.
Як сокини дигари Қалъаи нав изҳор дошт, ду писар ва як набераашро, ки ноноварони хона буданд, боздошт кардаанд. Ӯ мегӯяд, ҳоло бо нафақае, ки мегирад, намедонад чӣ кор кунад: “Ман як кампири нафақахурам, ки 110 сомонӣ нафақа мегирам. Ин барои зиндагӣ намерасад. Акнун аз куҷо пул меёбам, ки зиндагии хонаводаамро пеш мебарам?”
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |