Ҳамчунин, як бозии даври 42-юми мусобиқот дирӯз дар варзишгоҳи “Политехникум”-и Душанбе миёни дастаҳои ССКА “Помир” ва “Вахш” бо ҳисоби 1 бар 1 анҷом ёфт. Се бозии дигари даври 42-юм имрӯз, имрӯз баргузор хоҳад шуд. Дар варзишгоҳи “Авиатор”-и Душанбе дастаи мизбон - “Истиқлол” бо “Парвоз”, дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода “Регар-ТадАЗ” бо “Гвардия” ва дар варзишгоҳи “Ҷавонӣ”-и Ҳисор “Шодмон” бо “Хуҷанд” қувваозмоӣ хоҳанд кард. Оғози бозиҳо – соати 14.00.
Дар бозии даври 42-юм дастаи мизбон - “Равшан”-и Кӯлоб ба иллати аз мусобиқот даст кашидани ҳарифаш дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо ҳисоби техникӣ 3 бар 0 ғолиб дониста шуд. Айни ҳол дар ҷадвали мусобиқот “Равшан”-и Кӯлоб бо 86 имтиёз аз 37 бозӣ дар ҷои аввал аст. “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бо 73 имтиёз аз 31 бозӣ дар зинаи дуюм мебошад. Дастаи “Истиқлол”, ки ҳамагӣ 26 бозӣ кардааст, бо 68 имтиёз дар мақоми сеюм қарор дорад.
« Ноябр 2024 » | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
1 | 2 | 3 | ||||
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 |