Суоли 2-юми баҳсбарангези сафири Олмон дар Душанбе оид ба экстремизм

Ҳолгер Грин, сафири Олмон дар Тоҷикистон имрӯз, 8-уми август зимни конфронси «Ифротгароии ҷавонон ҳамчун таҳдид ба амнияти Осиёи Марказӣ» дар Душанбе гуфт, дар Олмон барои экстремизм ҷавобгарӣ ва ҷазо пешбинӣ нашудааст.
Ӯ изҳор дошт, ки дар Олмон танҳо барои амалҳои террористӣ ва терроризм ҷазо татбиқ мешавад. Сафири Олмон бо зикри таҷрибаи кишвараш аз коршиносону иштирокдорони ин конфронс, ки аз кишварҳои Осиёи Марказӣ дар он ҳузур доштанд, суол кард, ки дар таҷрибаи кишварҳои Шумо чӣ гуна аст?
Ин изҳори назари сафири Олмон баҳси гармеро миёни иштирокчиёни конфронс ба вуҷуд овард. Ин нахустин суоли баҳсбарангези Ҳолгер Грин дар бораи ифротгароӣ набуда, ӯ қаблан бо ишора ба афзоиши ҳабси муттаҳамон дар ифротгароӣ суол кард, ки "магар ба ҷуз зиндонӣ кардани муттаҳамон дар ифротгароӣ роҳи дигар вуҷуд надорад?”
Имрӯз дар пайи суоли гузоштаи сафири Олмон Зулфиқори Исмоилиён, хабарнигор ва коршиноси тоҷик, гуфт, ки ҳоло дар сатҳи ҷаҳон мушаххас нашудааст, ки манзури давлатҳо аз терроризм ва экстремизм чист. Ба гуфти Зулфиқори Исмоилиён ҳатто дар сатҳи Созмони Миллали Муттаҳид мушаххас нест, ки терроризм ва ё экстремизм чист: “Бар асоси ҳамин номушаххасӣ ҳоло дар ҷаҳон давлатҳо барои расидан ба ҳадафҳои сиёсии худ ҳар гуруҳеро, ки мехоҳанд террористӣ ва экстремистӣ эълон мекунанд. Барои мисол дар солҳои 90-ум вақте мо дар Бӣ Бӣ Сӣ дар Маскав кор мекардем, Русия ҷангиёни Чеченистонро террорист мегуфт, вале ба мо дар “Бӣ Бӣ Сӣ” иҷоза намедоданд, ки онҳоро террорист ва ё гуруҳҳои террористӣ биномем. Ё чизеро, ки мо имрӯз дар Сурия мебинем”.
Коршиносон бар ин назаранд, ки дар қонунгузориҳо ва таҷрибаҳои ҳуқуқии дунё мушаххас нест, ки экстремизм чист ва ҳамин номушаххасӣ фаҳмишҳои гуногенеро аз ин мафҳум ҳосил кардааст.
Фариддун Ҳодизода, коршиноси масоили дину давлат бар ин назар аст, ки дар Тоҷикистон ҳам мушаххас нест, ки экстремизм чист. Мо як мушаххасотро мебинем, ки бо гуруҳҳои эестермистӣ дар кишвар Вазорати корҳои дохилӣ ва ба гуруҳҳои террористӣ Кумитаи давлатии амнияти миллӣ мубориза мебарад: “ Аммо, дар дунё маълум нашудааст, ки экстремизм чист. Барои мисол дар Кувайт як ҳаракат ҳаст бо номи “Васатият”, ки аз назари ғарбиҳо ҳам ба унвони як ҳаракати муътадиле шинохта шудааст, ки дар он ҳуқуқи занҳо ва дигар масъалаҳои мубрами имрӯзи ҷаҳон баҳс шудааст. Вале агар онро бо исломи Осиёи Миёна муқоиса кунем, хеле экстремистӣ аст”.
Саймиддин Мирзоев, корманди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҳоло дар улуми муосир мафҳуми экстремизм бисёр дақиқ муайян ва мушаххас нашудааст ва як таъриф ва меъёри умумипазируфта вуҷуд надорад. Вале ба назари ин олими тоҷик экстремизм як руҳияе аст, ки миёни гуруҳҳои гуногуни иҷтимоӣ ба вуҷуд меояд ва вақте, ки ин гуруҳҳо ба вайрон кардани қонун роҳ медиҳанд дар ҳамин ҷо сарҳади экстремизм тамом мешавад.
Аз назари ин олими тоҷик ҳоло Осиёи Миёна ба як стратегияи умумӣ барои муқобила бо экстремизм ниёз дорад: “Албатта давлатҳои ин минтақа ҳар кадоме дар алоҳидагӣ нақша ва стратегияи муборизаи худ бо экстремизмро дорад, вале равандҳое, ки дар минтақа мегузаранд, заруратро барои пазируфтани як стратегияи мушаххас ва ягона ба вуҷуд овардааст ва аз ин роҳ мешавад, ки аз тавсеаи ифротгароӣ ва экстремизм пешгирӣ кард”.
Фаридун Ҳодизода дар ин нишаст пешниҳод кард, ки бояд стратегияи мушаххасу таҳқиқшудаеро дошт, ки ба кам кардани руҳия ва амалҳои ифротгароиву экстремистӣ оварда расонад. Ба назари ин коршиноси тоҷик танҳо бо ҷазои ҳуқуқӣ ва муборизаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ намешавад бо ин гуна равандҳои хатарзо мубориза карду муваффақ шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |