Оҷонсии зидди фасод раҳоии ду амниятии боздоштшударо рад кард

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон хабарҳо дар бораи раҳо шудани ду корманди боздоштшудаи мақомоти амниятиро рад кард.
Ардашер Убайдзода, сухангӯи Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон имрӯз, 12-уми август дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, хабарҳои паҳншуда дар бораи раҳоии айбдоршавандаҳо асос надорад. Ӯ афзуд, муттаҳамон дар боздошт буда, тафтишти парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо таҳти муҳри махфӣ идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки қаблан бархе аз манобеъ дар бораи раҳоии ду корманди боздоштшудаи амният хабар доданд. Гуфта мешуд, ин ду нафар, ки дар гузашта раҳбарии раёсатҳои Кумитаи амниятро ба уҳда доштанд, бо шарти тағйир надодани макони зист раҳо шуда, тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи онҳо идома дорад. Аммо Оҷонсии зидди фасод раҳоии онҳоро куллан беасос донист.
Ахиран Давлатбек Хайрзода, ноиби раиси Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон тасдиқ кард, ки аз ҷониби ин ниҳод ду корманди Кумитаи амният боздошт шудаанд. Ӯ гуфт, алайҳи боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, аммо аз ифшои ҷузъиёти бештар бо далели муҳри махфӣ доштани парванда худдорӣ кард.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |