22 ҳодисаи дуздӣ дар як моҳ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин: Дуздон сейфро бо худ бурдаанд

Танҳо давоми як моҳи сипаришуда дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон 22 ҳолати дуздии пулу ҷавоҳироти сокинон ба қайд расидааст.
Аз Шӯъбаи умури дохилии ноҳия ба “Озодагон” гуфтанд, ҳамаи ин ҳолатҳо дар рустоҳои атрофи маркази ноҳия ба вуқӯъ пайвастааст. Ҷабрдидаҳо мегӯянд, дуздон асосан манзилҳоеро ҳадаф қарор медиҳанд, ки соҳибонашон ба меҳмонӣ мераванд. Давлат Ҷомиев, як сокини маҳаллӣ ба “Озодагон” гуфт, вақте аҳли хонаводааш ба арӯсии писари бародараш рафт, шабона аз манзилаш пул ва ҷавоҳиротро рабудаанд. Шарифхон Дӯстов, як соҳибкор аз деҳаи Хоҷағалтон мегӯяд, манзили ӯро ҳам замоне ғорат кардаанд, ки барои таҷлил аз тӯйи бародараш рафтанд: “Шаби 31 июл буд. Бо вуҷуди бастани дару дарвоза дуздон ба хона даромада, сефи оҳанинро бо худ бурдаанд. Дар дохили он 80 ҳазор сомонӣ ва ба маблағи умуми 7200 сомонӣ ҷавоҳироти тилло буд. Худи ҳамон шаб ба милиса хабар додем. Аммо ҳанӯз касе боздошт нашудааст”.
Сокинони маҳаллӣ бар инанд, ки ҳамаи ҳолатҳои дуздӣ эҳтимоли кори як гуруҳи муташаккил бошад. Шӯъбаи умури дохилии ноҳия мегӯяд, кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои ошкор кардани омилони ин ҷиноятҳо сафарбар шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |