Қиссаи сафири ғайрирасмии Амрико аз Душанбе: Занони мусалмон мазлуманд? (АКС)

Кетӣ Карсон, донишҷӯи Донишгоҳи Аризона, ки як моҳ бо гуруҳи “Сафирони ғайрирасмии Амрико” дар Тоҷикистон зиндагӣ кардааст, аз сафари худ дар рӯзномаи “The Arizona Republic” матлаб навиштааст. Дар оғози ин матлаб, ки бо унвони “Занони мусулмон мазлуманд? На онҳое, ки ман медонам” нашр шудааст, омадааст: “Тӯли ин муддат занони бисёре дидам, ки дар ҳамин фарҳанг таввалуд шудаву ба воя расидаанд, аммо намехоҳанд бо барчасбҳои яктарафаи расонаҳои ғарбӣ канор биёянд”.
Кетӣ, муаллифи ин матлаб бо ишора ба зиндагии Сарвиноз, як духтари тоҷир, ки дар бозори Корвон бо ӯ шинос шудааст, менависад: “Ҳар зани тоҷике, ки ман дидам дорои қудрати беназир мебошад ва ҳар кадоми онҳо чизе барои қисса кардан доранд. Яке аз онҳо Сарвиноз ҳаст”.
Ин донишҷӯи амрикоӣ навиштааст, “Сарвиноз тӯли як сол ба омӯзиши забони англисӣ машғул будааст ва талош кард бо мо англисӣ суҳбат кунад. Ӯ розӣ шуд ба мо ҳангоми харид кардани матоъ кумак кунад”.
Ба навиштаи муаллиф, пас аз вохурӣ дар бозори Корвон Сарвиноз дар маркази бемории аутизм ба таҷрибаомӯзони амрикоӣ дар тарҷумонӣ кумак кардааст: “Замоне, ки мо бо Сарвиноз шинос шудем, моҳи Рамазон буд. Бо вуҷуди рӯзадор буданаш хеле фаъол буд. Тамоми рӯз бо ману дӯстонам сайру гашт мекард, ҳатто замоне, ки мо ғизо мехӯрдем. Ман аз хӯрдани ғизо пеши ӯ шарм медоштам, аммо тааҳҳуди ӯ ба фаризаҳои динӣ маро ҳайратзада мекард, ҳатто дар канори одамоне, ки аз фарҳанги дигар мебошанд”-омадааст дар нашрияи “The Arizona Republic”.
Кетӣ аз қавли Сарвинози 17-сола навиштааст, ки ӯ дар соли охири мактаби миёна аст ва мехоҳад бо созмонҳои хориҷӣ ба ҳайси тарҷумон кор кунад. “Сафар ба Ню Йорк яке аз орзуҳои Сарвиноз мебошад. Вақте ки аз ӯ дар бораи зиндагии хусусиаш суол кардем, гуфт мунтазири як марди пешрафта ва донандаи чанд забон аст. Шахсе бошад, ки барои амалкардҳояш фармонравоӣ накунад”.
Дар бахши дигаре аз ин матлаб гуфта шудааст: “Посухҳои қудратманди Сарвиноз маро таҳрик медод. Дар фарҳанге, ки расонаҳо, сиёсатмадорон ва акамедияи ғарбӣ золим унвон мекунанд, бисёре аз амрикоиҳо интизор надоранд, ки як зани тоҷик худро озод эҳсос мекунад. Сарвиноз ин чашмдоштро намепазирад. Баръакс, ӯ намоди нерӯ, истиқлол ва меҳрубонӣ мебошад, ки ман дар хеле аз занони тоҷик дидам”.
Кетӣ дар поёни матлаби худ навиштааст, “ман наметавонам чолишҳои занҳои кишварҳои дар ҳоли тағйири фарҳангро нодида бигирам. Тоҷикистон ба ҳайси як кишвари пасошӯравӣ талош дорад ҳуввияти мусулмонии худро дубора пайдо кунад. Занон аз ду тараф дучори фишор ҳастанд: Ниёз барои муосир шудан ва ҳамзамон эҳтиром гузоштан ба суннат. Аз суҳбат бо наврасон ман ба ин дарк расидам, ки ин фишор метавонад маҳдудсоз бошад”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |