Баъди вокуниши ниҳоди Р.Эмомалӣ: Хатари пулшӯӣ дар Тоҷикистон боз бузург баҳогузорӣ шуд

Пажуҳишгоҳи идоракунии Базел, "Basel Institute on Governance"-и Швейтсария дар раддабандии ҷадидаш барои соли 2016 боз Тоҷикистонро сеюмин кишвари хатарноктарини ҷаҳон аз нигоҳи эҳтимоли пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризм хондааст.
Ин ниҳод бо пахши як гузориши ҷадид, бо назардошти адами шаффофияти оммавӣ, ҷой доштани фасоди густурда ва меъёрҳои пасти молиявӣ аз 10 холи имконпазир ба Тоҷикистон 8,19 хол додааст, ки танҳо аз Эрону Афғонистон камтар мебошад. Тоҷикистон дар раддабандии соли 2015 низ бо 8,26 хол миёни 152 кишвари дунё, баъди Эрону Афғонистон дар ҷои сеюм қарор дошт.
Тибқи ҷадвали 10-баллии муҳаққиқони швейтсарӣ, хатари пулшӯӣ дар соли 2016 дар Эрон ба 8,61, дар Афғонистон-8,51 ва дар Тоҷикистон ба 8,19 бал баробар мебошад. Соли равон миёни 149 кишвари дунё Украина бо 6,57 хол дар ҷои 46, Туркия бо 6,55 хол дар ҷои 47, Русия бо 6,22 хол дар мақоми 58, Қирғизистон бо 6,21 хол дар ҷои 60, Молдова бо 5,24 хол дар ҷои 93, Узбакистон бо 5,1 бал дар ҷои 101, Озарбойҷон бо 4,84 дар ҷои 118 ва Гурҷистон бо 4,71 хол дар мақоми 123-юм ҷой гирифтаанд.
Кишварҳои амнтарин аз нигоҳи пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризм Финландия, Литва ва Эстония арзёбӣ шудаанд.
Мақоми сеюми Тоҷикистон дар раддабандии ҷаддиди “Basel AML Index” дар ҳолест, ки соли гузашта ин баҳогузорӣ вокуниши Оҷонсии зидди фасод, ниҳоди тобеи Рустами Эмомалиро дар пай дошт.
Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гузориши Пажуҳишгоҳи идоракунии Базели Швейтсарияро дар мавриди хатари бузурги пулшӯӣ ва маблағгузории терроризм дар Тоҷикистон беасос хонда буд.
Ин ниҳод бо пахши як иттилоия таъкид намуд, гузориши Пажуҳишгоҳи идоракунии Базели Швейтсария дар мавриди Тоҷикистон бе далоили кофӣ таҳия шуда, дар сатҳи ҷаҳонӣ танҳо Гуруҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат бо софкории пул (ФАТФ) метавонад ба хатари пулшӯию маблағгузории терроризм дар кишварҳо баҳо диҳад.
Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон мегӯяд, ФАТФ ахиран ба талоши мақомоти тоҷик барои мубориза бо пулшӯйӣ ва маблағгузории терроризм баҳои мусбат дода, Тоҷикистонро аз рӯйхати кишварҳои назораташон шадид ба феҳрасти кишварҳои назораташон муқаррарӣ ворид намуд. Ба иттилои манбаъ дар кишварҳо аз рӯйхати назораташон шадид хатари пулшӯӣ бузург буда, ба сохтору ташкилотҳо маслиҳат дода мешавад, ки зимни додугирифт бо ин кишварҳо эҳтиёткор бошанд: “Дар Тоҷикистон тамоми санаду қонунҳо ба меъёрҳои ФАТФ мутобиқ карда шудаанд ва тамоми амалиёти шубҳаовар зери назорат қарор доранд”.
Департаменти назорати молиявии Бонки миллии Тоҷикистон, ки масъули мубориза бо пулшӯӣ дар кишвар мебошад, қаблан эълон карда буд, ки маблағҳои калони ба кишвар воридшавандаро мавриди назорату таҳлили бештар қарор медиҳад. Бонки миллӣ таъкид карда буд, ки ин иқдом алайҳи даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм равона шуда, ба фаъолияти ташкилотҳо дахолат намешавад: “Танҳо дар бораи ба кадом мақсадҳо равона гардидани ин маблағҳо маълумоти зарурӣ дастрас мешаваду халос”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |